Мусиқии анъанавии тоҷик

Мақолаи асосӣ: Мусиқии Тоҷикистон

Мусиқии анъанавии тоҷик ғанӣ ва гуногунранг аст. Дар он зиндагӣ, маишат, фаъолияти меҳнатӣ, муборизаи иҷтимоӣ, русуму омол, хислат ва эҳсосоти халқ ифода ёфтаанд.

Мусиқии анъанавии тоҷикро аз лиҳози тафаккури мусиқӣ метавон ба се сабк тақсим кард: сабки шимолӣ (вилояти Суғд), сабки марказӣ ё худ кӯҳистонӣ (Ҳисор, Хатлон, Ғарм) ва сабки Бадахшонӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон).

Маданияти мусиқии Бухорову Самарқанд ва ноҳияву вилоятҳои ҳамсояи онҳо (Қашқадарё ва Сурхондарё) ба сабки шимолӣ қаробат дорад, вале баробари ин ба асолат ва сифатҳои хос соҳиб аст. Мусиқии анъанавии тоҷик бо доираи васеи жанрҳо фарқ мекунад: ҳамосавӣ, меҳнатӣ, русумӣ (таронаҳои тақвимӣ, тӯёна, сӯгворӣ ва ғайра), сурудҳои лирикӣ, ҳамчунин мусиқии созӣ бо истифодаи созҳои мусиқии миллӣ, шаклҳои силсилавии касбӣ ва касбии классикӣ.

Мусиқии анъанавии тоҷик аз се ҷанбаи бо ҳам робитадошта иборат аст: халқӣ, халқии касбӣ ва касбии классикӣ. Мусиқии анъанавӣ дар тӯли таърихи инкишофаш ба шароити зиндагӣ ва шавқу завқи гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ (масалан, Мусиқӣ дар байни созандагони шаҳру деҳот) вобаста буда, он қонуниятҳои хос ва намояндагони худро дорад (мас., навҳагарон, мавригихонон сарнақшхонон, гӯрғулихонон, фалаксароён ва ғ).[1]

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш
  1. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. II. Калим—Работ — Д.: СИЭСТ, 1989. — С. 341. — 560 с. — ISBN 5-89870-001-3.