Мазори Мавлоно Холмуҳаммад (Халифаи Шаҳид)

Мазори Мавлоно Холмуҳаммад (Халифаи Шаҳид) - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Муътақидон баҳри зиёрати ин мазор меоянд. Мавлоно Холмуҳаммад яке аз олимони варзида, пешвои тариқат ва ҳақиқати Зикриҷаҳр ба ҳисоб рафта, Шамсиддин лақаб доштааст. Гирифтори туҳмат гардида ба қатл расид ва гумоштагони мир ҷасади Холмуҳаммад ва ду нафар муриди ӯро аз болои Қалъаи Ҳисор ба поён, ба хандақи назди девори шимолӣ ҳаво доданд. Мардум ҳар сеи ҷасадро дар ҳамон ҷо ба хок супориданд. Марқади ин шахси бузург дар қисмати шимолии Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор воқеъ аст. Дар паҳлуи ин шаҳидон баъдтар ҷасади халифа Муҳаммадсайид ном марде дафн гардидааст..[1]

Адабиёт

вироиш
  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258