Мазорҳои деҳаи Дурбат

Мазорҳои деҳаи Дурбат - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Дар поёни мағозаи деҳаи Дурбат дар зери садаҳо ду мақбара ҳаст. Дар қисмати ҷанубу шарқии деҳа, дар дохили масҷид мазорест, ки дар он ду дафнгоҳ ба назар мерасад. Якеи он ба Очилдибой ном шахс тааллуқ дорад, шахсияти дафнгоҳи дуюм маълум нест. Дар шафати мазори мазкур дафнгоҳи атфол низ ҳаст. Дар қисмати шимолу ғарбии деҳа 500 метр болотар аз Канали калони Ҳисор мазори Эшонқулбобо вуҷуд дорад..[1]

Адабиёт

вироиш
  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258