Дурбат
Дурбат — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор. Аз Дурбат то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 5 км. Аҳолиаш 5888 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Деҳа | |
---|---|
![]() Назди мағозаи хӯрокворӣ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Дурбат |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 5888 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Коди мошин | TJ07 |
Таърих Вироиш
Деҳа таърихи қадима дорад, маънои вожаи «дурбат»- ро гоҳе мазор ташреҳ медиҳанд ва гоҳе мегӯянд, ки он исми саравлоди қабилае аст[2].
Ҷуғрофиё Вироиш
Дурбат дар маркази водии Ҳисор ҷой гирифта, аз маркази ноҳияи Ҳисор 7 км ва аз маркази ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе 18 км дурӣ дорад. Аз қисмати шимол ба Ҷамоати Сомон, аз самти шарқӣ ба Ҷамоати Ҷуйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ, аз самти ҷануб ба деҳаҳои Турдиқишлоқ ва Турдибобо ҳамсарҳад мебошад. Аз қисмати шимол Дурбат Канали калони Ҳисор ва аз қисмати ҷануб роҳи оҳани Душанбе — Турсунзода мегузарад[2].
Иқтисод Вироиш
Дар Дурбат мактаби миёнаи № 22 ба номи О. Раҳмонов, маркази саломатӣ, китобхона, мағозаҳои тиҷоратии маводи ғизоӣ ва рӯзгору сохтмонӣ фаъолият мекунанд. Аҳолии деҳа асосан ба кишоварзӣ, парвариши зироатҳо ва чорводорӣ машғуланд[2].