Майсара Дилдорова (зод. 2 августи 1944, Хоруғ, ВМКБ) — овозхон ва ҳунарпешаи тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1985).

Майсара Дилдорова
Таърихи таваллуд 2 август 1944(1944-08-02) (80 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон, ҳунарпешаи театр
Ҷоизаҳо
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Фаъолияти ҳу­нариашро дар дастаи ҳа­вас­мандони санъати мактаби миёнаи шаҳри Хо­руғ оғоз намудааст (1955). Аз соли 1960 сароянда ва ҳунарпешаи Театри муси­қӣ-мазҳакавии шаҳри Хо­руғ ба номи М. Назаров. Аз услуби миллии мактаби сарояндагии мардуми Бадахшон баҳра бардоштааст. Ис­теъ­до­ди сарояндагии Майсара Дилдорова, махсусан дар иҷрои су­руд­ҳои лирикӣ бештар зоҳир гардидааст. Барно­маҳои эҷо­диаш ғанӣ ва пурмазмун бу­да, су­рудҳои мардумии халқҳои гуногуни собиқ Итти­ҳо­ди Шӯравӣ (ӯзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, озарӣ, русӣ) ва халқ­ҳои Шарқ (арабӣ, афғонӣ, ҳиндӣ, эронӣ)-ро дар бар мегирад. Беҳтарин сурудҳои Майсара Дилдорова «Бахти ман дар Тоҷи­кистони ман аст» (оҳанги Қ. Яҳёев, шеъри М. Ҳай­даршо), «Иди Зафар» (оҳанги З. Шаҳидӣ, шеъри М. Миршакар), «Хоруғи зебо» (оҳанги Ф. Солиев, шеъри М. Ҳайдаршо); «Милая мама» (суруди русӣ, оҳанги Ляшко), «Байрам галур» (суруди халқии озарӣ), «Ситораҳо», «Моҳи Шуғ­нон» (оҳанги Қ. Шоискандаров, шеъри М. Ҳайдаршо) мебошанд. Майсара Дилдорова инчунин дар саҳнаи Театри мусиқӣ-маз­ҳа­кавии ш. Хоруғ як силсила нақшҳои асосиро бозидааст. Нақш­ҳои бозидаи Майсара Дилдорова бисёр ҳаётӣ, ҷолибу таъсирбахш буда, сифатҳои наҷиби қаҳрамонони онро нишон меди­ҳанд: Гулқурбон («Тошбек ва Гулқурбон»-и М. Миршакар), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Гул­баҳор («Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳаким­зода), Ситора («Бахти шумо бахти ман аст»-и М. Миршакар), Латофат («Тӯй»-и С. Ғанӣ) ва ғ.

Сафарҳои ҳунарӣ

вироиш

Соли 1986 дар фес­тивали «Роҳи абрешим» дар Ҷопон ширкат намудааст. Дар рӯзҳои душ­вори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар Майсара Дилдорова ба манзури пайванд намудани риштаҳои гусастаи дӯстӣ бо аввалин корвони санъати Бадахшон дар саҳнаҳои Душанбе ва Хатлон ҳунарнамоӣ намудааст. Соли 1999 ба ИМА ва Канада сафари ҳунарӣ дошт.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш дар саҳна зиёда аз 30 нақш бозида, бештар аз 200 суруду оҳанг офаридааст. Ҳоло дар дастаи ҳунарии «Навои Бадахшон» ба ҳайси мушовир фаъолият мекунад.

Адабиёт

вироиш