Майя Санду
Майя Григоревна Санду (молд. Maia Sandu; тав. 24 майи соли 1972, д. Рисипен, ноҳияи Фалештскӣ, ҶШС Молдова, ИҶШС) — сиёсатмадор ва арбоби давлатии молдовӣ. Президенти Ҷумҳурии Молдова аз 24 декабри соли 2020.
молд. Maia Sandu | |
аз 24 декабри соли 2020 | |
Пешгузашта | Игор Додон |
13-умин Сарвазири Молдова
|
|
24 июли соли 2012 — 30 июли соли 2015 | |
Президент | Игор Додон |
Пешгузашта | Павел Филип |
Ҷонишин | Ион Кику |
9 март — 26 июли соли 2019 | |
Пешгузашта | вазифа таъсис нашудааст |
Ҷонишин | Галина Сажин |
Пешгузашта | вазифа таъсис нашудааст |
Ҷонишин | Пётр Штирбате |
Президент | Николае Тимофтӣ |
Пешгузашта | Михаил Шляхтитский |
Ҷонишин | Корина Фусу |
Таваллуд |
24 май 1972 (52 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Майя Санду Григоревна |
Падар | Григорий Синду |
Модар | Эмилия Синду |
Ҳизб | Ҳизби "Амал ва ҳамбастагӣ" |
Таҳсилот | |
Касб | иқтисоддон |
Фаъолият | сиёсатмадор |
Эътиқод | Moldovan Orthodox Church[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сарвазири Молдова аз 8 июн то 12 ноябри соли 2019 (иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Ҷумҳурии Молдова аз 12 то 14 ноябри соли 2019). Вазири маорифи Ҷумҳурии Молдова (2012-2015).
Номзад ба президентии Молдова дар интихоботи 2016 ва 2020 буд.
Тарҷумаи ҳол
вироишВай 24 майи соли 1972 дар деҳаи Рисипен, вилояти Фалештии ҶШС Молдова, дар оилаи Григорий ва Эмилия Санду таваллуд шудааст[1].
Солҳои 1989-1994 дар факултаи менеҷменти Академияи таҳсилоти иқтисодии Молдова таҳсил кардааст. Солҳои 1995-1998 дар магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Молдова муносибатҳои байналмилалиро омӯхтааст. Соли 2010 Донишкадаи Идоракунии Давлатии Ҳарвардро хатм кардааст.
Забонҳои англисӣ, руминӣ, русӣ ва испаниро хуб медонад.
Оиладор нест.
Фаъолияти касбӣ
вироишАз 1 июли 1994 Майя Санду вазифаи сармутахассиси Шуъбаи ҳамкорӣ бо ИА ва Ҳавзаи баҳри Сиёҳи Департаменти робитаҳои берунаи иқтисодии Вазорати корҳои хориҷии Молдоваро ишғол карда, дар моҳи июни соли 1996 мушовир дар Саридораи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии иқтисодӣ (СиҲТБ) кор кардааст.
Дар соли 1997—1998 иҷрокунандаи вазифаи ёвари СиҲБТ.
Дар соли 1998—1999 — мушовир, дар соли 1999—2005 бошад — иқтисодчӣ дар намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Кишинёв[2].
Дар с. 2005—2006 дар ВКХ-и Молдова чун директори Саридораи сиёсати макроиқтисодӣ ва барномаҳои рушд, дар моҳҳои март-сентябри 2007 ҳамоҳангсози барномаҳои СММ оид ба рушди Молдова буд, дар с. 2007—2009 вазифаи мушовири бозсозии идораи ҷамъиятии марказиро ишғол намуд.
Дар с. 2010—2012 мушовири директори амалии Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон, ҳавзаи Колумбия, ИМА буд[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Санду, Майя. ТАСС. 16 ноябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ "Maia Sandu - alegeri.md", Alegeri.md/w/maia_sandu, retrieved April 23, 2020
- ↑ Ex-World Bank economist set to become prime minister in Moldova. www.dw.com/en. 24 июли 2015 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |