Макс Борн (олмонӣ: Max Born; 11 декабр 1882[1][2][3][…], Вротслав, Подшоҳии Пруссия[d], Имперотурии Олмон[5][6][7]5 январ 1970[1][2][4][…], Göttingen[d], Саксонияи Поин[8][9]) — физикдон ва риёзидони олмонӣ ва инглис, яке аз асосгузорони механикаи квантӣ.

Макс Борн
англ. Max Born
Таърихи таваллуд 11 декабр 1882(1882-12-11)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 январ 1970(1970-01-05)[1][2][4][…] (87 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физики назарӣ[d], физик[11] ва механикаи квантӣ[11]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Carl David Tolmé Runge[d][12]
Шогирдон Klaus Fuchs[d] ва Wolfgang Pauli[d]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар лабораторияи Ҷ. Лармор ва Ҷ. Ҷ. Томсон кор кардааст (1907-08, Кембриҷ). Доираи таҳқиқоти Б. асосан татбиқи назарияи квантии А. Эйнштейн дар ҷисмҳои сахт ва сохти атом, назарияи риёзии механикаи квантӣ ва шарҳи омории он (бо ҳамроҳии В. Ҳайзенберг ва П. Иордан), назарияи нисбият, назарияи динамикаи панҷараи кристаллӣ (1913-15 бо ҳамкории М. Лауэ), назарияи бархӯрди микрозарра ва ғайраро дар бар мегирад. Макс Борн баъди хидмат дар сафи артиши Олмон проф. Донишгоҳи Франкфурти лаби Майн буд ва мафҳуми муҳимми термодинамикии «энергияи панҷара»-ро кор карда, дар асоси он як қатор собитаҳои физикӣ ва кимиёиро муайян намуд (1919). Аз соли 1921 проф. Донишгоҳи Гёттинген. Ӯ тафсири функсияи зичии эҳтимолиятро дар муодилаи квантии механикии Шрёдингер кашф кард, ки минбаъд «тафсири Копенгаген» ном гирифт ва барои ин таҳқиқот (якҷо бо Валтер Боте) сазовори мукофоти Нобел дар соҳаи физика гардид (1954). Макс Борн тарзи ҳисобкунии ҷилди электронии атомро муайян кард ва усули тақрибии назарияи бархӯрди микрозарраро пешниҳод намуд, ки бо номи ӯ машҳур аст (1926). Ба механикаи квантӣ мафҳуми «оператор»-ро дохил кард (1926, бо ҳамкории Н. Винер). Соли 1933 ба Англия кӯч баст ва дар Донишгоҳи Кембриҷ ба ҳайси омӯзгор кор кард. Солҳои 1936-53 проф. фалсафаи Донишгоҳи Эдинбург. Пас аз шаҳрванди Британияи Кабир шудан узви Ҷамъияти илмии шоҳӣ гардид (1939). Макс Борн бештар аз 350 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 20 китоби илмию оммавӣ таълиф кардааст. Дар соҳаи фалсафаи илм низ чандин пажӯҳиш дорад.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медали Макс Планк сарфароз гардидааст (1948).

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
  3. 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. 4.0 4.1 Babelio (фр.) — 2007.
  5. 5.0 5.1 Przeslawski J., Czapla Z. Linear Birefringence in Diisopropylammonium Bromide Crystal (ингл.) // FerroelectricsTaylor & Francis, 2014. — Vol. 462, Iss. 1. — P. 70—73. — ISSN 0015-0193; 1563-5112; 1026-7484doi:10.1080/00150193.2014.890878
  6. 6.0 6.1 Gilman S. L. Are jews smarter than everyone else? (ингл.) // Mens Sana Monogr. / A. R. SinghMedknow, 2008. — Vol. 6, Iss. 1. — P. 41—47. — ISSN 0973-1229; 1998-4014doi:10.4103/0973-1229.34526PMID:22013349
  7. 7.0 7.1 http://link.springer.com/content/pdf/10.1007%2F978-1-4614-3523-5_4.pdf
  8. 8.0 8.1 Deltete R. J. The End of the Certain World: The Life and Science of Max Born, the Nobel Scientist who Ignited the Quantum Revolution (ингл.) // Ann. Sci.Taylor & Francis, 2009. — Vol. 66, Iss. 3. — P. 433—436. — ISSN 0003-3790; 1464-505Xdoi:10.1080/00033790801919629
  9. 9.0 9.1 Born M. Über Quantenmechanik (нем.) // Zeitschrift für PhysikSpringer Science+Business Media, 1924. — Vol. 26. — S. 379—395. — ISSN 0044-3328doi:10.1007/BF01327341
  10. Notable Names Database (ингл.) — 2002.
  11. 11.0 11.1 Чешская национальная авторитетная база данных
  12. Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.

Адабиёт

вироиш