Малика Пӯлодовна Бобоҷонова (тав. 28.4.1968, шаҳри Душанбе) — зистшинос, доктори илмҳои биология (2003). Духтари Пӯлод Бобоҷонов.

Малика Бобоҷонова
Таърихи таваллуд 28 апрел 1968(1968-04-28) (56 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология[d]
Алма-матер

Зиндагинома

вироиш

Малика Пӯлодовна Бобоҷонова хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1989). Лаборанти калон (1989–92), аспирант (1992–95) ва ходими илмии Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ ҶТ (1995–2001). Ҳамзамон муовини сардори Раёсати рушди илмию техникии Вазорати ҳифзи табиати ҶТ (1996–98), котиби илмии Шӯрои ҳамоҳангсозии АИ ҶТ (1998–2001). Мутахассис оид ба ҳифзи муҳити зисти Маркази ҷумҳуриявии дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо (лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ; 2001–04), ҳамкорӣ дар лоиҳаҳои Комиссияи Аврупо, Бонки умумиҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё (2005–07). Аз соли 2007 сарвари бахши ҷумҳуриявии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ. Оид ба физиология ва биокимиёи рустаниҳо, ташаккули ферментҳои сикли Калвин дар хлоропласти рустаниҳои дараҷаи олӣ ва ғ. пажӯҳиш анҷом додааст. Бо Ҷоизаи олимони ҷавони Ҳукумати ҶТ сарфароз гардидааст.

  • Формирование надмолекулярной организации ферментов цикла Кальвина в хлоропластах высших растений. Д., 1996;
  • Свободные и мембраносвязанные мультиферментные комплексы цикла Кальвина и регуляция их ферментативных активностей. Д., 2003.

Сарчашма

вироиш