Малоҳат Бобоҷонова
Малоҳат Бобоҷонова (2 июли 1952, Хуҷанд) — зистшинос, доктори илмҳои биология (2007).
Бобоҷонова Малоҳат Ҷумъаевна | |
Таърихи таваллуд | 2 июл 1952 (72 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд |
Фазои илмӣ | зистшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Институти давлатии педагогии Ленинобод (1977) |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1977). Лаборант, лаборанти калон, ассистент, муаллим, муаллими калон (1977-97), дотсент (1998), мудири кафедраи ботаника ва физиологияи рустанӣ (1998—2008), декани факултети фанҳои табиӣ (2008—2010) ва биологияву кимиёи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (аз 2010).
Фаъолияти илмӣ
вироишДар бораи фотосинтез, муносибати донорию аксепторӣ ва роҳҳои серҳосилгардонии навъҳои гуногуни пахтаи миёнанах пажӯҳиш анҷом додааст. Муаллифи 50 китобу мақолаи илмист.
Осор
вироиш- Донорно-акцепторные отношения фотосинтетического аппарата и плодовых органов у разных сортов средневолокнистого хлопчатника. Д., 1997;
- Ҳифзи табиат — нури зинда. Х., 2002; Фотосинтез, донорно-акцепторные отношения и продуктивность средневолокнистого хлопчатника. Д., 2008.
Эзоҳ
вироишПайвандҳои беруна
вироишСарчашма
вироиш- Бобоҷонова Малоҳат Ҷумъаевна // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |