Мамлакат Наҳангова

забоншиноси тоҷик

Мамлакат Наҳангова ( 6 апрели соли 1924, Шоҳмансур, Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро — соли 2003, Душанбе, Тоҷикистон) — забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1971), дотсент. Аввалин духтари хурдсоли тоҷик, ки бо мукофоти олии ИҶШС, ордени «Ленин» (1935) мукофотонида шудааст.

Мамлакат Наҳангова
Мамлакат Оқбердиевна Наҳангова
Таърихи таваллуд 6 апрел 1924(1924-04-06)
Зодгоҳ Шоҳмансур, Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
Таърихи даргузашт 2003(2003)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо Ордени Ленин, «Аълочии маорифи халқи ИҶШС», «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон»
Мамлакат Наҳангова ва Иосиф Сталин. 1935

Зиндагинома

вироиш

Мамлакат Наҳангова дар синни 11 солагиаш барои меҳнати босамар дар пахтачинӣ сазовори мукофоти олии ИҶШС ордени Ленин (1935) гардидааст. Мукофоти олӣ «барои меҳнати қаҳрамонона ва комёбиҳо дар баланд гардонидани ҳосилнокии пахта» бо қарори Ҳукумати ИҶШС супорида шудааст. Декабри соли 1935 Мамалакат ба ш. Москва даъват гардида дар вохӯрӣ бо Роҳбари давлати ИҶШС, Котиби генералии КМ ВКП (б) Иосиф Сталин иштирок кардааст ва ҳамроҳи Сталин аккосӣ шудааст. Аксҳои Мамлакати хурдсол бо Роҳбари давлати ИҶШС Иосиф Сталин дар тамоми матбуоти даврии ИҶШС нашр шуда буданд ва ӯро машҳур гардонидааст.[1][2]. Дар китоби дарсии «Буквар» («Алифбо») солҳои 30-ум, акси номбаршуда ва чунин сатрҳои шеър чоп шуда буд: «У таджиков звучны имена
Мамлакат – это значит мамлакат».[3] Инчунин, Мамлакат Нахангова қаҳрамони аввалин достони Мирзо Турсунзода «Офтоби Ватан» шудааст[4] Мамлакат Наҳангова соли 1952 факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст ва дар донишкада тамоми умр ҳамчун омӯзгор кор кардааст. Солҳои 1952–1990 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон ва дотсент кор кардааст. Солҳои 1970–1977 мудири кафедраи забони англисии байнифакултетӣ ва дотсенти кафедраи методикаи таълими забони хориҷӣ дар донишкадаи номбурда буд. Соли 1990 ба нафақа баромадааст. Муаллифи якчанд асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад.

Аз саҳифаҳои ҳаёт

вироиш

Рӯзномаи «Фараж» аз ҳаёти ибратомӯзи Мамлакат Наҳангова чунин лаҳзаҳои хотирмонро дар саҳифаҳои хеш овардааст.

Дар нимаи дуюми солҳои 30-юми асри гузашта бидуни шак кӯдаке машҳуртар аз Мамлакат Наҳангова на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ набуд. Дар моҳи декабри соли 1935 ин духтараки 11 сола бо қарори Президуми Совети Олии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ордени Ленин мукофотонида шуд ва баъдан аксаш ҳамроҳи Сталин дар рӯзномаи № 1 «Правда» чоп шуд. Мамлакат Наҳангова дар хурдсолӣ аз падар ятим мемонад, бинобар ин, тамоми мушкилоти зиндагӣ дар он айёми вазнин ба дӯши модараш меафтад. Аслан модари ӯ 11 фарзанд таваллуд мекунад, аммо танҳо ду нафар - Мамлакат ва як хоҳари дигараш зинда мемонад. Аз ин рӯ, хоҳарон кӯшиш мекарданд, ки дастёри модарашон бошанд.

Солҳои 30-юми асри ХХ дар минтақ аи Шоҳмансури Душанбе пахта парвариш мекарданд ва Мамлакат ҳам ба пахтачинӣ мебарояд. Он вақт тибқи талабот як нафар одами калонсол дар як рӯз бояд 15 килограмм пахта мечинд. Маъмулан Мамлкат ба пахтачинӣ баъди дарс мерафт. Ва ягона нафари босавод муҳосиб Шариф Муродов буд. Соли 1934 Мамлакатро ба сафи пионерон қабул карданд. Вақте ӯ фаҳмид, ки комсомолон бригада таъсис додаанд, тасмим гирифтанд, ки бо пайравӣ аз онҳо бригадаи пионерони пахтачинро ташкил кунанд. Азбаски ниҳолҳои пахта паст буданд, барои пионерон чиндани пахта осонтар буд. Мамлакат, ки духтари боғайрату серҳаракат буд, тавонист, ки дар як рӯз то 70 килограмм пахта бичинад. Чунон ки солҳо баъд нависанда Г. Яковлев менависад, дар ибтидо калонсолон бовар накарданд, ки ин духтари хурдакак ин қадар пахта чинда тавонад. Онҳо ба ин фикр буданд, ки ба номи Мамлакат пахтаро изофа менависанд. Бинобар ин, пахчатчинии ӯро зери назорат гирифтанд. Вақте ки диданд воқеан худаш 70 килограмм пахта мечинад, шӯхиомез мегуфтанд, ки ӯро парӣ ёр шудааст. Боре ӯ дар бораи Алексей Стаханов, ки дар Донбасс ба таври зарбдор меҳнат карда, дар як рӯз 102 тонна ангиштсанг меканад, хабар меёбад. Дар як митинге, ки дар колхози ба номи Лоҳутӣ, ки дар он Мамлакат зиндагӣ мекард, суханронӣ карда, мегӯяд, ки ба Стаханов пайравӣ карда, дар як рӯз 102 килограмм пахта мечинад, аммо ин суханони ӯро ҷиддӣ қабул намекунанд. Сарфи назар аз ин, Мамлакат Наҳангова 102 килограмм пахта чинда, ба ваъдааш вафо кард, аз ин рӯ, ӯро ба сафи колхозчиён қабул карда, дафтарчаи меҳнатӣ доданд. Охири соли 1935 Мамлакатро ба Тошканд барои ширкат дар съезди колхозчиёни зарбдор фиристоданд ва аз онҷо ба Маскав барои ширкат дар мулоқоти роҳбарони давлати шӯравӣ бо беҳтарин колхозчиҳои Тоҷикистону Туркманистон равон карданд. Дар мулоқоти рӯзи 6-уми декабри соли 1935 дар назди колхозчиёни пешқадам Сталин суханронӣ карда, аз ҷумла гуфт, ки дар Президуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ тасмим гирифта шуд, ки ба ҳамаи ширкаткунандагон орден ва ба ҳамаи колхозҳое, ки намояндагонаш инҷо ҳузур доранд, як адад мошини боркаш туҳфа карда шавад. Хамчунин Сталин супориш медаҳад, ки ба онҳо як патефон бо пластинкаҳо, соатҳо, ба мардон соатҳои кисагӣ ва ба занон соатҳои дастӣ ҳадя карда шавад. Дар ин мулоқот Мамлакат Наҳангова ба Сталин китоби маҷмӯаи мақолаҳои Ленинро, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп шуда буд, туҳфа мекунад. Вақте ки ба саҳна мебарояд, сахт дар ҳаяҷон шуда, ба Сталин хитоб карда, «Дада» мегӯяд. Котиби КМ ҳизб Андрей Андреевич Жданов мехоҳад ба Мамлакат эрод бигирад, аммо Иосиф Виссарионович бо даст ишора карда мегӯяд, ки «зарур нест», Сталин мефаҳмад, ки «дада» ба забони тоҷикӣ чӣ маъно дорад, чун ӯ иттилоъ дошт, ки Мамлакат хеле хурд аз падар ятим мондааст.

Роҳбари давлати шӯравӣ ба раиси Президуми Шӯрои Олӣ Михаил Калинин муроҷиат карда мегӯяд:

- Михаил Иванович, туҳфаҳои духтари маро бидеҳ. Калинин ба Сталин соатро дароз мекунад, ӯ дар навбати худ, онро ба даст гирифта, ба Мамлакат мегӯяд:

- Духтарам, ин туҳфа аз падарат.

- Раҳмат, - мегӯяд ӯ ба доҳии халқҳо.

Азбаски Мамлакат фақат чанд калима ба забони русӣ медонист, суханронии ӯро додарарӯси Анастас Микоян, ки забони тоҷикиро меомӯхт, тарҷума мекунад. Мамлакат дар суханронии худ зикр мекунад, ки дар колхозҳои ҳамсоя ӯ ба чандин нафар тарзи пахтачинии худро ёд дод ва онҳо фаъолона имсол нақшаи чинишро барзиёд иҷро карданд, яъне онҳо низ бо даст чиндани пахтаро ёд гирифтанд.

Сталин ба Мамлакат китоби худро дар бораи Ленин туҳфа мекунад.

- Ин китоб китоби рӯйимизии ман мешавад ва ман аз рӯи он зиндагӣ ва кор мекунем, - изҳор медорад Мамлакат Наҳангова ба Сталин.

Вақти туҳфа кардани китоб Мамлакат ручка мекобад, то ки соядаст нависад, Вячеслав Молотов ручкаи мармариро дароз мекунад. Баъдан мехоҳад ручкаро баргардонад, вале Молотов мегӯяд, ки онро барои худаш ҳамчун ёдгорӣ бимонад. Иосиф Виссарионович ба ӯ ҳамчунин як сурати дастаҷамъиро, ки дар он Мамлакат Наҳангова ҳамроҳи роҳбарони давлати шӯравӣ аккосӣ шуда буд, туҳфа карда, дар пушти он менависад:«Ба рафиқ Мамлакат Наҳангова аз И. Сталин барои хонишу кори хуб. Соли 1935, декабр». Ҳамин лаҳзаеро, ки Сталин ба Мамлакат соядаст менавишту ӯ дасташро ба гардани Сталин монда оғӯш мекард, аккос Борис Игнатович сурат мегирад. Вақте ки Ҷанги дуюми ҷаҳон сар мешавад, Мамлакат ариза менависад, ки ӯро ба фронт фиристанд, аммо комиссари ҳарбӣ мегӯяд, ки бояд ӯ дар саҳро кор кунад, чунки армияи шӯравӣ ба пахта ниёз дорад. Соли 1942 пионерону комсомолони Тоҷикистон тасмим мегиранд, ки ба фронт ёрӣ расонанд. Ба ин хотир, сабзаву мева, бозичаҳо ва китобҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба Ленингради дар муҳосира монда мефиристанд. Дар ҳайате, ки ин туҳфаҳоро ба Ленинград мебурд, Мамлакат Наҳанговаро низ шомил месозанд. Баъди анҷоми ин кор намояндагони Тоҷикистон бояд ба ҷумҳурӣ бармегаштанд, аммо рӯзи бозгашт ҳайат дар такопӯ шуд, зеро Мамлакат Наҳанговаро гум карда буданд. Азбаски Мамлакат мехост ба фронт равад, як крейсери ҷангиро дида, ба назди он меравад. Маллоҳон ӯро шинохтанд ва ба назди адмирал бурданд. Адмирал ӯро бо чою ширинӣ зиёфат дода ва мақсадашро мепурсад. Мамлдакат Наҳангова мегӯяд, ки мехоҳад дар крейсери онҳо артиллерист шавад, аммо адмирал ин хоҳиши ӯро намепазирад ва мегӯяд, ки бояд ӯ ба Тоҷикистон баргардад, зеро агар онҷо пахта начинанд, маллоҳонашро бо либос таъмин карда наметавонад.

Солҳо баъд, нависандаи китоби «140 суҳбат бо Молотов» менависад, ки ҳамроҳи набераи Сталин ба хонаи Молотов рафтанд. Молотов Мамлакатро мешиносад ва мегӯяд, ки калон шудааст. Мамлакт аксеро, ки Сталин барояш туҳфа карда буд, ба ӯ нишон медиҳад.

Мамлакат Наҳангова машҳуртарин духтари тоҷик дар даврони Сталин

Мукофот

вироиш

Бо ордени «Ленин», нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи ИҶШС», «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медалҳо ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гаштааст.[5]