Соли 1959 дар болооби дарёи Кофарниҳон мамнӯъгоҳи дуюми Тоҷикистон - «Ромит» бо масоҳати 16139 гектар ташкил шуд. Мамнӯъгоҳи Ромит дар худуди ноҳияи Ваҳдат ҷойгир аст.

Табиати мамнӯъгоҳ аз мавзеъҳои зебои сабзпуш иборат буда, дар байни ду шохоби пуртуғёни дарёи Кофарниҳон - Сорбою Сардаи Миёна ва пасту баландиҳо чой гирифтааст. Олами гуногуни набототу ҳайвонот, ҷамоаҳо, популятсияҳо ва намудҳои нодиру камёфт, инчунин дар ҳолати муътадил қарор доштани мавзеъҳои ҷангалзор, чаманзори зебо ва намудҳои нодири растанй ва ҳайвонҳо ба ҳусни мамнӯъгоҳ ҳусн зам мекунанд. Вазифаи асосии мамнӯъгоҳ дар ҳолати табиӣ нигоҳ доштани аксарияти кисмҳои тибиат ва пурра кардани баъзе ҷамоаҳо, барқарор ва ҳифзи онҳо мебошад. Дар обҳои тозаю пуртугёни мамнӯъгоҳ ширмоҳию сагмоҳй, гулмоҳию лаккамоҳй, моҳии белбинй, дар тахтасангҳою хокрезаҳо, сангрезаҳою хокҳои мулоиму рангоранг микдори зиёди сусмор, агамаи куҳй, сангпушту хорпушт, морҳои афъй, печон, кобра ва гурза, камчинмор зиндагй мекунанд. Мамнӯъгоҳи «Ромит» чун мамнуъгоҳи куҳии ҷангалдор намудҳои зиёди паррандагон, аз ҷумла, булбул, саъба, момочурғотак, соч, мусича, тазарв, гунҷишки хонагй, кабк, кабки дарй, кабутар ва намудҳои зоғҳоро ба оғуши худ гирифтааст. Дар таркиби биосенози мамнӯъгоҳ зиёда аз 600-650 намуди ҳашарот, аз ҷумла, шапалакҳои нодир, эндемикй чой гирифтаанд. Бояд кайд кард, ки асоси бойигарии мамнӯъгоҳ ин мавзеъҳои зебои олами наботот ва намудҳои гуногуни онҳост. Ҷамоаҳои зиёди дарахтй, буттагй, ки дар дигар каламрави ҷумҳурӣ кам дучор мешаванд ё тамоман вуҷуд надоранд (аз таъсири одам нобуд шудаанд) дар мамнӯъгоҳи «Ромит» муътадил сабзиш дошта, ба онҳо челонзор, фарқзор, ангатзор, беду булутзор ва албатта бодомзору чормағззор мансубанд. Ҷамоаи бодомзору чормағззор омили муҳими мавҷудияти мамнӯъгоҳ ҳисоб мешавад. Дар сатҳи муътадил дар куху кухпорахо намудҳои зиёди рустаниҳои гизой, аз ҷумла торон, чукрӣ, сунбул, зира, чойкаҳак, савсан, холмон, намудҳои гуногуни пиёз ва ғайра месабзанд. Масоҳати калони мамнӯъгоҳро то баландии 2800 м дарёву адирҳо, ҷамоаҳои туту гелос, себу биҳй, зардолую олуи ёбоӣ ишгол карда, инчунин рустаниҳои доруворй, аз ҷумла, пудина, кифгули калон, тугмагул, зардкаҳак, сапали шутур, мураккабгул, ишим, камол низ кам нестанд.[1]

  1. М. Дарвозиев, И. Сафаров. Экология. Китоби дарсӣ. -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 134-135