Феҳристи мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон

саҳифаи феҳристӣ
(Тағйири масир аз Мамнӯъгоҳҳои табии)

Мамнӯъгоҳҳои табиӣ — ин маҷмӯи ёдгориҳое мебошад, ки дар натиҷаи рушди эволюционии табиат пайдо ва ошкор гардидаанд. Ин гуна ёдгориҳо аз тарафи одамон ҳамчун ёдгории аҳамияти таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва эстетикӣ дошта эътироф гардидаанд: масалан мавзеъҳои табиӣи Боғи миллии Тоҷикистон, Чилдухтарон (кӯҳ), Искандаркӯл, кӯли Сарез, Чилучорчашма, Сари Хосор, Ҳафткӯл ва ғайраҳо. Роҷеъ ба ҳар яке аз ин ёдгориҳо ривоятҳо ҷой доранд, ки онҳо аҳамияти илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва тарбиявӣ доранд. Ин гуна мавзеъҳо макони сайёҳӣ буда диққати сайёҳонро бештар ҷалб месозанд.

Барои танзими раванди ҳифз ва истифодаи мероси табиӣ дар ҷумҳурӣ Боғи миллии Тоҷикистон, мамнӯъгоҳҳои табиӣ ва якчанд мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда вуҷуд доранд.

Дар Тоҷикистон ҳоло мамнўъгоҳҳои зерин:

ва парваришгоҳҳо дар ҳифз ва истифодаи мероси табии ҷумҳурӣ мебошанд.[1]

Мамнӯъгоҳҳо ва минтақаҳои табиӣ Дар соли 2004 ҳамаи ҳудудҳои ҳифзшавандаи табии Тоҷикистон дар маҷмӯъ масоҳати 3,1 млн га ё 22 % масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва 4 мамнӯъгоҳи масоҳати умумиашон 173418 га, 13 минтақаи парваришгоҳ дар масоҳати 313260 га, 1 боғи миллии масоҳати умумиаш 2,6 га, 1 минтақаи таърихӣ-табиӣ — 3000 га ва 1 минтақаи табиӣ — 3805 га дар бар мегиранд. Мамнӯъгоҳҳо: «Бешаи палангон» (масоҳат— 49700 га); «Ромит» (масоҳат— 16100 га); «Даштиҷум» (масоҳат— 19700 га); «Зоркӯл» (масоҳат— 87700 га). Боғҳои миллӣ ва минтақаҳои табиӣ: Боғи Миллии Тоҷикистон Минтақаи таърихӣ-табиии Ширкент Минтақаи табиии Сари Хосор Кӯлҳо Кӯлҳои калонтарин — Қарокӯл, Сарез, Искандаркӯл, Зоркӯл, обанбори Қайраққум. Конҳо Дар шимоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд яке аз калонтарин конҳои нуқра — Кони Калони Мансур ҷойгир шудааст.

  1. Қодиров Ф. С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ — таърихӣ ва табии. — Душанбе, 2012, с. 20.

Шаблон:Мавзуъҳои Осиё