Сари-Хосор

(Тағйири масир аз Сари Хосор)

Боғи табии Сари Хосор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2005 дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон вилояти Хатлон таъсис ёфтааст. Масоҳати боғи табии Сари Хосор 3805 га аст.

Таърих

вироиш

Номи Сари Хосор таърихи куҳан дошта, маъниҳои зиёде дорад. Ба ақидаи сокинони маҳаллӣ номи Сари Хосор аз номи деҳае, ки он дар сари теппаи сафедхок ҷойгир шудааст, яъне «Сари Хоксор» гирифта шудааст.

Набототу ҳайвонот

вироиш

Боғи табии Сари Хосор дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ин мавзеъ дорои ҷангалзори табии ва флораву фаунаи гуногуни кӯҳистонӣ мебошад. Дар ҷангал намудҳои гуногуни дарахтон махсусан чормағзи юнонӣ (Juglans regia) ва дигар дарахту буттаӽои нодир меруянд. Дар мавсими тирамоҳ аз меваҳои он ҳайвонҳои гуногунро ба монанди хирс (Ursus actos isabellinus), хуки ёбоӣ (Sus scropha nigrepus), уриал (Ovis vignei bocharensis), муши обӣ (Lutra lutra), силавсини туркистонӣ (Felis lyns), паланги барфӣ (Uncia uncia) истеъмол мекунанд.

Релеф

вироиш

Релефи Сари Хосор басо мураккаб буда, бо гуногуншаклии худ аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ фарқ мекунад. Сохти ландшафташро пасткӯҳҳо, доманакўҳҳо ва кўҳҳои баланд ташкил медиҳад. Қисмати зиёди релефи ин мавзеро миёнакўҳҳо ташкил намуда, онҳо дар баландии 1200-3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Баландии фосилавии сарҳади ин мавзеъ бошад 1200-3500м., аз сатҳи баҳрро дар бар мегирад.[1]

Гидрография

вироиш

Ин ҳудуд худ муайянкунандаи гуногуншаклии системаи экологии ин мавзеъ мебошад. Гидрографияи Сари Хосорро дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Шӯробдарё ва Шаршараи Пушти Боғ ташкил мекунад.

Шаршара

вироиш

Боз яке аз мавзеҳои зебоманзари водӣ дар наздикии деҳаи Муллоконӣ ҷойгир шудааст. Аз баландии 50 метр шаршара ба поён мерезад ва миллионҳо қатраҳои обро ба гирдк атроф пош медиҳад. Пошхӯрии қатраҳои бешумори об зери шӯъои офтоб бо тамоми рангҳои тиру камон ба ҷилва меояд.[1]

Боғи табии Сари Хосор мавзеъи сайёҳӣ мебошад.

Пайвандҳои беруна

вироиш
  1. 1.0 1.1 Сари Хосор(тоҷ.). www.tdc.tj. 19 Январ 2020 санҷида шуд.