Манзура Мадатзода
Манзура Тоҷиддин Мадатзода (тав. 25.03.1971, шаҳри Кӯлоб) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогика, дотсент. Дорандаи нишонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва медали «Хидмати шоиста» (2020)
Манзура Тоҷиддин Мадатзода | |
Таърихи таваллуд | 25 март 1971 (53 сол) |
Зодгоҳ | Кулоб , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МТМУ № 94-и шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ (1992) Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (2013). |
Ҷоизаҳо | медали «Хидмати шоиста» (2020), Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишМанзура Мадатзода хатмкардаи факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ (1992) ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (2013). Фаъолиятро ба ҳайси омӯзгори фанни математика дар МТМУ № 48-и ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, то соли 1995 дар муассисаи зикршуда кор кардааст. Аз рӯи ҳамин ихтисос давоми солҳои 1995 – 2000 дар МТМУ № 60-и шаҳри Душанбе, солҳои 2000 - 2004 дар литсей - 356 интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2004 - 2005 ҷонишини директор, директори гимназияи «Сарпараст», 2005 - 2006 директори МТМУ № 94-и шаҳри Душанбе, 2006 – 2011 муовини раиси ноҳияи Синои ш. Душанбе, 2011 - 2015 директори литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015-2018 мудири шуъбаи магистратураи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018-2021 дар вазифаи декани факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дошт. Бо нишонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва медали Хизмати шоиста (2020) қадр шудааст.
Осор
вироиш- Шеваҳои фаъолсозии талабагон дар омӯзиши дарс. Д., 2019;
- Муносибати босалоҳият дар таълим ва нақши он дар системаи таҳсилоти миллӣ. Д.,2020;
- Одамиро тарбият то одамият мебарад. Д., 2021;
- Зан-модар ва мақоми он дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон. Д., ЭР-граф, 2021.
Пайвандҳо
вироишЭнсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ