Манзура Ҳасанова
Манзура Ҳасанова - олим, санъатшинос,номзади илмҳои таърих, оҳангсози тоҷик, узви Иттифоқи композиторони СССР ва Тоҷикистон.
Манзура Муҳиддиновна Ҳасанова | |
Таърихи таваллуд | 1 апрел 1955 |
Зодгоҳ | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | но |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский |
Зиндагинома
вироишМанзура Муҳиддиновна Ҳасанова 1 апрели соли 1955 дар шаҳри Душанбе дар оилаи шоири маъруфи тоҷик Муҳиддин Фарҳат таваллуд шудааст. Аввалин озмоишҳои эҷодиро таҳти роҳбарии Г.С.Александров анҷом медиҳад. Соли 1974 Манзура ба Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский (синфи профессор Т.Н. Хренников) дохил мешавад. Аввалин асарҳои ӯ – пйесаҳо барои фортепиано, асарҳои камеравӣ-вокалӣ. Пас аз хатми Консерватория М.Ҳасанова таҳсилро дар ассистентура-коромӯзӣ идома медиҳад. Дар ин давра Квартети тории №2, ки бо муваффақият дар консерти Пленуми ҷавонони Иттифоқи композиторони СССР дар шаҳри Горкий (декабри соли 1983) иҷро карда шуд. Достони симфонӣ барои оркестри калони симфонӣ (1981-1982) эҷод гардид. Соли 1982 Манзура Ҳасанова узви Иттифоқи композиторони СССР мешавад. Пас аз хатми ассистентура-коромӯзӣ М.Ҳасанова ба Душанбе баргашта, кори эҷодиро бо фаъолияти ҷиддии омӯзгорӣ дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода мепайвандад. Самти асосии пажӯҳиши эҷодии композитори ҷавон – алоқамандии унсурҳои фолклори тоҷик бо тамоюлҳои гуногуни услубҳои муосир мебошад. Манзура Ҳасанова бештар дар самти мусиқии вокалӣ кор мекунад ва якчанд романсҳо ба ашъори шоирони тоҷик, сурудҳои бачагона навиштааст. Асарҳои Манзура Ҳасанова дар консертҳои эстрадӣ садо медиҳанд, дар фаъолияти омӯзгорӣ мавриди истифода қарор доранд, мусиқии ӯ барои иҷрокунандагон ва сомеон форам аст.
Аз соли 2003 то ба имрӯз корманди илмии шӯъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти илмӣ
вироишДоираи шавқу ҳаваси илмии ӯ бо таърихи фарҳанги мусиқии Тоҷикистон дар асрхои XX—XXI алоқаманд аст. М. Ҳасанова маводи шумораи шашуми силсилаи «Ҳаёти мусиқии Тоҷикистон»-ро гирдоварӣ ва ба низом даровардааст. Ин шумора ба рӯйдодҳои ҳаёти мусиқии ҷумҳурӣ дар ду даҳсолаи истиқлолияти ҷумҳурӣ бахшида шудааст. Дар хроника маводи матбуоти даврӣ, архивҳо, манбаҳои интернетӣ, инчунин маводи архиви шифоҳӣ ва суҳбатҳо бо бастакорону навозандагон истифода шудаанд. Соли 2018 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҳаёти мусиқии Тоҷикистон дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI» дифоъ кардааст. Пажӯҳишҳоро дар ин самт идома дода, М.Ҳасанова шумораи 5-уми ин силсиларо, ки ба ҷолибтарин давраи ҳаёти мусиқии Тоҷикистон – аз соли 1979 то соли 1990 бахшида шудааст, ба чоп омода кардааст. Ҳоло М. Ҳасанова кори солномаи ҳаёти мусиқии Тоҷикистонро давом медиҳад. Дар баробари ин дар мавзӯи «Фаъолияти муассисаҳои мусиқии Тоҷикистон дар асрхои XX—XXI» кор мекунад.[1]
Осор
вироишМонографияҳо
вироиш- Музыкальная жизнь Таджикистана в конце ХХ-начале ХХI вв. – Душанбе, 2019. – 170 с.
- Музыкальная жизнь Таджикистана (1991-2011). (Летопись). – Душанбе, 2018. – 224 с.
Мақолаҳои илмӣ
вироиш- Деятельность музыкальных коллективов Таджикистана в конце 70-х и 80-е годы ХХ столетия. Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. –– № 6 (95). - Душанбе, 2021. – С. 294-298.
- Деятельность военных оркестров РТ// Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. – № 5 (94). - Душанбе, 2021. – С. 283-286.
- Вклад Хомидова в театральную жизнь Таджикистана в годы ВОВ (ТНУ)
- Летопись искусств, как источник по изучению истории культуры Таджикистана // Вестник ТГПУБП. Гуманитарные науки. - № 2 (91). – Худжанд, 2022. – С. 23-29.
- Творчество выдающихся деятелей музыкального искусства Таджикистана в 30-70-е годы ХХ века // Вестник Таджикского национального университета.- Душанбе, 2022.[2]
Эъҷодиёт дар мусиқӣ
вироишАсарҳои симфонӣ
вироиш- 1979 – «Анданте ва Токката», барои оркестри калони симфонӣ.
- Дастнавис.
- 1982 – Достони симфонӣ барои оркестри калони симфонӣ. Даст-
- навис.
Асарҳои камеравӣ
вироиш- 1978 – Квартети тории №1. Дастнавис.
- 1980 – Квартети тории №2. дастнавис.
- 1985 – Романсҳо барои овоз ва фортепиано бар ашъори шоирони тоҷик. Дастнавис.
- Пйесаҳои фортепианӣ, пйесаҳо барои скрипка ва фортепиано, флейта ва фортепиано, сурудҳои бачагона.[3]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Манзура Муҳиддиновна Ҳасанова
- ↑ Манзура Муҳиддиновна Ҳасанова
- ↑ Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011. c. 244- 245