Манораи Варз
Манораи Варз — ёдгории меъморӣ дар ноҳияи Айнӣ,вилояти Суғд. Асри XI - XII сохта шудааст.[1]
Манора рӯи таҳкурсии мураббаъ сохта шуда, баландиаш 13,5 м аст. Он аз хишти хом буда, тавассути минтақаҳои ороёфта, ба 4 қисм ҷудо шудааст. Ороиши ҳар минтақа ба тарзи хос буда, дар дуи аввал хиштҳо ба шакли «кунҷӣ» чинда шудаанд, ки дандонаҳоро мемонад. Хиштҳои минтақаи саввум рост-рости байнашон холӣ ва минтақаи охирин аз хиштҳои мураббаи ростхатта ҷойгирифта, ки дар навбати худ боз мураббаъҳоро ва вуҷуд меранд ва шабеҳи тахтаи шоҳмотанд, чинда шудаанд. Манора тарафт борик мешавад, қафаси начандон калон (2 м) дорад. Дар дохилаш зинаи морпеч ҳаст, ки барои ба қафаса баромадан хидмат мекунад. Манора низ гумбаз низ дошт, ки мурури замон аз байн рафтааст. Ёдгорӣ таҳти муҳофизати давлат аст.[2]
Пайвандҳо
вироиш- Фарханг Бойгонӣ шудааст 5 марти 2016 сол.
- Минарет Варзиманор Бойгонӣ шудааст 10 Декабри 2013 сол.
Эзоҳ
вироиш- ↑ нусхаи бойгонӣ. 18 Декабри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 Декабри 2013.
- ↑ Мамадназаров М. Манораи Варз. Шарҳи мухтасар. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1989. Ҷ. 2. С. 151.