Мансур Нӯъмонов
Мансур Нӯъмонов — олим, омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2005). Аълочии маорифи Тоҷикистон.
Мансур Нӯъмонов | |
Таърихи таваллуд | 10 феврал 1949 (75 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» |
Зиндагинома
вироишМансур Нӯъмонов 10 феврали соли 1949 дар деҳаи Пағна, ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Маълумоти 7 соларо дар мактаби зодгоҳаш гирифта, маълумоти миёнаи умумиро дар мактаби № 7 ба номи А. Рӯдакии ноҳияи Панҷакент гирифтааст. Пас аз хатми мактаби 11 сола (соли 1966) ба факултаи физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохил шуда, онро соли 1971 бо ихтисоси муаллими математика-физика хатм кардааст. Пас аз хатми донишкадаи педагогӣ дар кафедраи методикаи таълими математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, аввал ба сифати ассистент (солҳои 1971—1973 ва 1974—1979), баъд ба сифати муаллими калони кафедраи номбурда (соли 1979—1986) кор кардааст. Соли 1986, пас аз хатми аспирантура, дар ш. Москва рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, аз соли 1988 то соли 1991 вазифаи дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаро ба уҳда дошт. Солҳои 1991—1993 ба сифати ходими калони илмии кафедра ва солҳои 1993—1996 вазифаи дотсенти кафедраи номбурдаро иҷро кардааст. Солҳои 1996—2000 вазифаи ходими калони илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иҷро кардааст. 14 феврали соли 2000, пас аз хатми докторантура, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия (Университети давлатии педагогӣ) рисолаи докторӣ ҳимоя карда, ба унвони доктори илмҳои педагогӣ муваффақ гардидааст. Дар ҷумҳурӣ аввалин доктори илм дар соҳаи назария ва методикаи таълими математика мебошад. Аз якуми апрели соли 2002 вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва профессори ҳамин кафедраро ба уҳда дорад. Моҳи феврали соли 2003 дар натиҷаи озмун ӯро узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ (ҳоло Академияи таҳсилоти Тоҷикистон) интихоб намуданд. Дар айни замон вазифаи сарходими Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад.
Фаъолияти илмӣ
вироишМансур Нӯъмонов оид ба сохтори системаи методии таълим, фалсафа ва методологияи таҳсилот, фалсафа ва таърихи математика, робитаи байнифанӣ, проблемаҳои муосири дидактика, психологияи математика тадқиқот мебарад. Дар равандҳои номбурдаи тадқиқот муаллифи зиёда аз 500 номгӯй асарҳои илми-методӣ мебошад, ки қисми аз онҳо дар хориҷи кишвар ба табъ расидаанд. Дар байни онҳо 7 монографияи илмӣ, 2 барномаи таълим барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 11 барномаи таълим барои донишгоҳҳои омӯзгорӣ, 2 барномаи таълим барои коллеҷи омӯзгорӣ, 27 воситаи таълим ва маводи дидактикӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумию донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгорӣ ва муаллимон, стандартҳои давлатӣ оид ба математикаи мактаби таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Таҳти назари Мансур Нугмонов 37 маҷмӯаи илмӣ ва дастурҳои методӣ ба чоп расидааст. ӯ иштирокчии фаъоли 22 конференсияҳои илмии байналхалқӣ (Москва, Черноголовка, Саранск, Саратов, Самара, Новокузнетск, Новосибирск, Гулистон, Жешуф (Полша), Амстердам, Берлин, Прага, Толяттӣ, Арзамас, Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа), 22 конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ. Мансур Нугмонов — дар тайёр кардани кормандони соҳаи илм саҳми калон дорад. Бо роҳбарии бевоситаи ӯ 2 нафар рисолаи докторӣ ва 28 нафар аспирантону унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ дифо карда, ҳоло роҳбарии 7 нафар аспирант, 12 нафар унвонҷӯёни дараҷаҳои илмии номзадӣ ва докториро ба уҳда дорад. Аз соли 2009 раиси шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ оид ба назария ва методикаи таълими математика дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
Осор
вироиш- Омӯзиши амалҳои мантиқӣ дар курси математикаи мактабӣ. — Душанбе, 1982;
- Муқаддимаи методикаи таълими математика. — Москва: «Прометей», 1998;
- Асосҳои назариявию методологии системаи тайёрии методии муаллими математика дар мактабҳои олии педагогӣ. — Москва: «Прометей», 1999;
- Асосҳои назариявию методологии методикаи таълими математика ҳамчун илм. — Душанбе, 1999;
- Дарси математикаи мактабӣ. — Душанбе, 2004 ва 2011;
- Гуфтор дар ситоиши математика ва омӯзиши он. — Душанбе, 2005;
- Пайдарҳамии таълими математика дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ. — Душанбе, 2005;
- Мухтасари методикаи таълими математика. — Душанбе: 2005:
- Маърифати таълим: ҷустуҷӯ ва бозёфт.- Душанбе, 2012 (дар ҳаммуалифӣ);
- Стандарти фанни математика барои синфҳои 5-9 ва роҳнамои омӯзгор. — Душанбе, 2012 (дар ҳаммуалифӣ); Стандарти таҳсилоти ибтидоии забони модарӣ ва математика барои синфҳои 1-4 ва роҳнамои омӯзгор. — Душанбе, 2012 (дар ҳаммуалифӣ);
- Тарзҳои гуногуни ҳалли масъалаҳои геометрӣ. — Душанбе: «Сифат», 2013 (дар ҳаммуалифӣ);
- Супоришҳои тестӣ аз математика. — Душанбе: «Сифат», 2013 (дар ҳаммуалифӣ);
- Асосҳои математикаи мактабӣ. — Душанбе: «Сифат», 2013 (дар ҳаммуалифӣ).[1]
- Роҳнамои фанни математика. Синфи 5. Д., 2017. (ҳаммуаллиф);
- Роҳнамои фанни математика. Синфи 6. Д., 2017. (ҳаммуаллиф);
- Роҳнамои фанни алгебра. Синфи 7. Д., 2017. (ҳаммуаллиф);
- Роҳнамои фанни алгебра. Синфи 8. Д., 2017. (ҳаммуаллиф);
- Роҳнамои фанни алгебра. Синфи 9. Д., 2017. (ҳаммуаллиф);
- Роҳнамои фанни алгебра. Синфи10. Д., 2017. (ҳаммуаллиф);
- Роҳнамои фанни алгебра. Синфи 11. Д., 2017. (ҳаммуаллиф);
- Роҳнамои фанни геометрия. Синфи 7. Д., 2017. (ҳаммуаллиф);
- Роҳнамои фанни геометрия. Синфи 8. Д., 2017. (ҳаммуаллиф);
- Роҳнамои фанни геометрия. Синфи 9. Д., 2017. (ҳаммуаллиф);
- Роҳнамои фанни геометрия. Синфи 10. Д., 2017. (ҳаммуаллиф);
- Роҳнамои фанни геометрия. Синфи 11. Д., 2017. (ҳаммуаллиф);
- Вариантҳои тестӣ барои хатмкунандагон ва дохилшавандагони мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо. Нашри 2. Д., 2019. (ҳаммуаллиф);
- Математика (основние понятия школьного курса математики). Для студентов первого курса. Д., 2020. (ҳаммуаллиф);
- Алгебра. Дастури методӣ барои синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ. Д., 2020. (ҳаммуаллиф);
- Активизации обучения геометрии в 7-9 классах средней школи на основе использования компьютера. Д., 2021. (ҳаммуаллиф).
Ҷоизаҳо
вироишМансур Нӯъмонов соли 2003 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр намуданд.
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Мансур Нӯъмонов. 10 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 Январ 2016.