Манучеҳрии Самарқандӣ
Манучеҳрии Самарқандӣ (форсӣ: منوچهری سمرقندی; ?, Самарқанд — қарни XVI, Ҳирот) — мусаввир, наққош ва музаҳҳиби форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Самарқанд, дар Ҳирот вафот кардааст. Дар наққошӣ, ҷадвалкашӣ ва тазҳиб устод буд. Санъати наққоширо дар Самарқанд омӯхта, барои такмили хунар ба Табрез, Бухоро ва Ҳирот рафтааст. Девонҳои Навой ва Ҳотифиро оро додааст. Аз мусаввараҳои машҳури ӯ «Шикори паланг» то замони мо расидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Манучеҳрии Самарқандӣ / А. Раҷабов // Калим — Работ. — Д. : СИЭМТ, 1989. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 2). — ISBN 5-89870-001-3.