Манучеҳр Садриддинов

Манучеҳр Садриддинов (Садриддинов Манучеҳр Исломиддинович ; 20 сентябри 1985, Деҳаи Қалъаи нав, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон (ҳоло ш. Роғун)) — иқтисодшинос. доктори илмҳои иқтисодӣ (2023), дотсент.

Манучеҳр
Садриддинов Манучеҳр Исломиддинович
Таърихи таваллуд 20 сентябр 1985(1985-09-20) (39 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, (ҳоло ш. Роғун)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ Иқтисоди миллӣ, Иқтисодиёти ҷаҳон, истифодаи усулҳои математикӣ дар иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ (2023)
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Роҳбари илмӣ Усмонова Туфа Ҷумаевна

Зиндагинома

вироиш

Садриддинов Манучеҳр Исломиддинович 20 сентябри соли 1985 дар деҳаи Қади оби ноҳияи Файзобод (ҳоло шаҳри Роғун), дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 93 –и Душанбе (1992-2003) хатм намудааст. Солҳои 2003-2008 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети иқтисод ва идора таҳсил намуда, онро бо баҳои аъло соли 2008 хатм намудааст. Аз соли 2008 то соли 2011 ба ҳайси ассистенти кафедраи Иқтисоди миллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда аст. Аз соли 2015 то соли 2017 ба ҳайси муаллими калон дар кафедраи иқтисоди миллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда аст. Аз соли 2017 то имрӯз ба ҳайси мудири кафедраи молия ва андозбандӣ дар соҳибкории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат кор ва фаъолият намудааст. Солҳои 2018-2021 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва баъдан аз июли соли 2021 то откябри соли 2023 директори Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият намудааст. Айни замон сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Солҳои 2011-2015 аспиранти рӯзонаи кафедраи идоракунии иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Новосибирски Федератсияи Россия буд. Соли 2015 дар ҳамон донишгоҳ рисолаи номзадиро дар мавзӯъи “Арзёбии мавқеи захираҳои обӣ дар ташаккулёбии фазои иқисодии Тоҷикистон” [1] ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ шудааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ аз лиҳози иқтисодӣ ва коркарди ҷадвали “хароҷотҳо ва истеҳсол” (таблица затраты-выпуск) барои иқтисодиёти ҶТ, масоили ҷараёнҳои интегратсионӣ (ҳамгироӣ) дар давлатҳои минтақаи Осиёи марказӣ, вобаста ба истифодаи захираҳои иқтисодӣ равона шудааст. Ӯ аввалин маротиба дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷадвали “хароҷотҳо-ва истеҳсол” –ро барои соли 2010 коркард ва тартиб додааст. Дар натиҷаи корҳои илмиаш вобаста бо истифодаи усулҳои математикӣ ӯ ба хулосае омад, ки захираҳои обӣ дар шароити иқтисодиёти ҶТ мавқеи махсус доранд ва ҶТ метавонад аз ин ҳисоб фоидаи иловагӣ ба даст орад. Ӯ аввалин маротиба тамсила (модел) –и оптималии байниминтақавии байнисоҳавии олимони русро, махсусан олимони Донишгоҳи давлатии Новосибирскро дар шароити ҶТ дида баромад.Дар пояи Шурои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 6 майи соли 2023 сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ (д.и.и.) гардид.

Дотсент Садриддинов Манучеҳр муаллифи бештар аз 62 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография мебошад. Масалан, монографияи навиштаи ӯ дар яке аз бонуфузтарин донишкадаҳои Федератсияи Россия – Донишкадаи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти саноатӣ (Институт экономики и организации промышленного производства, ИЭОПП СО РАН) соли 2017 аз чоп баромада аст. Инчунин соли 2018 васоити таълии ӯ “Математикаи молиявӣ” барои донишҷӯён дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат аз чоп баромадааст. Дар якҷоягӣ бо роҳбар (мушовир)-и илмии худ Усмонова Туфа Ҷумаевна монографияи илмии худро "Равандҳои ҳамгироӣ оид ба истифодаи захираҳои обии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ" рӯйи чоп овардааст.

Китобҳо (Монографияҳо)

вироиш
  • Оценка значимости водных ресурсов Республики Таджикистан. М. И. Садриддинов – Новосибирск: Изд-во ИЭОПП СО РАН, 2017. – 140 с.
  • Роҳҳои баландбардории сатҳи зиндагонии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон. – Душанбе: Нашрияи ҳарбии «Сарбоз» 2019. 205 саҳ. (Саидов Р.Н., Иброҳимов И.Р).
  • Равандҳои ҳамгироӣ оид ба истифодаи захираҳои обии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ // Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. – Душанбе: 2022. 265 саҳ.

Китобҳои дарсӣ

вироиш
  • Финансовая математика. Учебное пособие / М. И. Садриддинов, Ю. С. Ершов, Ф. Б. Бахромов. – Душанбе: ИПС, 2018. – 200 с.
  • Привлечение граждан в принятии государственных решений: учеб.-метод. комплекс для студентов специальностей «Государственное управление» и Местное самоуправление»./М. И. Садриддинов. – Душанбе: «Ирфон», 2017. - 156 c. (ҳамчун ҳаммуаллиф).
  • Шарҳи мафҳумхо аз фанни молия. Дастури таълимӣ-методӣ. – Душанбе : ИПС, 2018. - 152 с.

Пайвандҳо

вироиш