Гавҳар

(Тағйири масир аз Марворид)

Марворид (форсӣ: مروارید‎), гавҳар, дур — ҷисми сахти оҳакии лундашакл ва ағарбуғур, ки дар ковокии баъзе намудҳои моллюскҳои баҳри ё дарёӣ пайдо мешавад. Баъзан ба ҷавфи ин ҷонварон паразит, регреза ва ғ. ворид мегардад ва тадриҷан онҳоро пардаи садаф печонда гавҳар-ро ба вуҷуд меорад. Рангаш ҷилодори сафед, гулобӣ, зардча, баъзан сиёҳ. Андозааш аз зарраҳои микроскопӣ то андозаи тухми кабӯтар мешавад. Марвориди калони лунда ва дурустқолаб гаронбаҳост. Одатан, андозаи марворид аз нахӯд калонтар мешавад. Марворидро аз дарёи Сурх ва халиҷи Форс, соҳилҳои Шри-Ланка, Усторилиё, Жопун ва Венезуэло ба даст меоранд. Дар замонҳои қадим аз дарёҳои Русия, Искотланд, Олмон, Чин ва мамлакатҳои Амрикои Шимолӣ низ марворид мегирифтанд. Марворид дар Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон ва мамлакатҳои дигари Шарқ аз қадимулайём (чанд аср пеш аз м.) маъмул буд. Марворидро дар маснуоти заргарӣ (шадда, ҳалқа (гӯшвор), ангуштарин, қуббаи сари сина) васеъ истифода мебаранд. Дар тибби қадим марворидро барои муъолиҷаи баъзе бемориҳо дар таркиби давоҳои гуногун аз ҷумла, доруи чашм (сурмаи сулаймонӣ) низ ба кор мебурданд. Бинобар афзоиши талабот ба марворид дар садаи XX ба таври маснӯъӣ ҳосил кардани он (махсусан дар Жопун) авҷ гирифт. Ба ин мақсад ба ҷавфи моллюскҳои баҳрӣ саққочаҳои садаф мегузоранд, ки аз онҳо дар муддати муайян марворид ҳосил мешавад.

Гавҳар
Формула ????
White pearl necklace
Uwakoya3

Сарчашма

вироиш