Гавҳар, гуҳар (форсӣ: گوھر‎), ҷавҳар:

  1. марворид, дур(р), — моддаи оҳакии лундашакл, ки дар ҷавф (ковокӣ)-и садаф (баъзе намудҳои моллюскҳо)-и баҳр ё дарё пайдо мешавад
  2. Санги қиматӣ, ёқут, марҷон, лӯълӯ, бештар алмос.
  3. мафҳуми фалсафӣ, нигар Ҷавҳар; Дар фалсафа ба маънои асл, зот, сиришт истифода мешавад.
  4. дар адабиёт, нигар Ҷавоҳирнома; Ба маънои маҷозӣ — нажод, насаб, фарзанд, ашк, дандон:

Ҷавон буду аз гавҳари паҳлавон,
Хирадманду бедору равшанравон.

Фирдавсӣ

Манзур кунӣ ба манзари хеш,
Пайваста диҳӣ ба гавҳари хеш.

Ҷомӣ

Ба гоҳи ханда намоӣ ҳаме ду саф гавҳар,
Турост гавҳару чашми ман аст гавҳарбор.

Қамарӣ

Дар адабиёти бадеӣ гавҳар сифатҳои гуногун дорад: гавҳари манзум (гавҳари ба ришта кашидашуда), гавҳари ноб (гавҳари тозаву мусаффо ва холис), гавҳари суроб (гавҳари рахшон), гавҳари фард, гавҳари фурӯзон, гавҳари якто, гавҳари якдона, гавҳари шабфурӯз, гавҳари шабчароғ (гавҳаре, ки дар шаб метобад).

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А-О./Дар зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р.Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ. — Москва 1969, — c. 248

Сарчашма

вироиш