Марзкат (ноҳияи Ҷайҳун)
Марзкат ((то 30.08.2024 — Ваҳдат[1]; то 28 феврали 2013 Октябр) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун. Аз деҳа то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 6 км; роҳ асфалтпӯш
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Ҷайҳун |
Ҷамоат | Деҳоти Панҷ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Октябр, Ваҳдат |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3194 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3249 |
Нишонаи почта | 735220 |
Мардум
вироишАҳолиаш 3194 нафар (2017), тоҷикон. Мардумаш солҳои 1949–1964 аз водии Қаротегин ба Ваҳдат кӯчидаанд
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, нуқтаи савдои хусусӣ, 2 осиёби хусусӣ, 3 масҷиди панҷвақта ва масҷиди ҷомеъ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, зироаткорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Қумсангир обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Ваҳдат // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2