Мария Четто - олим, доктори илми физика профессор. Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2009). Дорандаи ҷоизаи Анҷумани физикҳои Мексика (2000), ҷоизаи ба номи Сер Ҷуана да ле Круз (2003).

Мария Четто
Таърихи таваллуд 1946(1946)
Фазои илмӣ олим

Зиндагинома

вироиш

Мария Четто Донишгоҳи миллии Мексикаро бо ихтисоси «физика» хатм кардааст, дараҷаи бакалавуро дар соҳаи биофизика дар Донишгоҳи Ҳарвард ва дараҷаи магистр ва докториро дар физика дар Донишгоҳи Мексика гирифтааст. Узви хориҷии АИ ҶТ (2007). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: физикаи назариявӣ, механикаи квантӣ ва таъсири нур ба модда. Мудири Департаменти физика, декани факултаи илмҳои табиӣ ва роҳбари Департаменти физикаи назариявии Институти физикаи Донишгоҳи Мексика. Президенти Кумитаи иҷроияи конференсияи Пагуош. Муовини Дабири кул ва роҳбари Департаменти ҳамкориҳои техникаи МАГАТЭ, Дабири кулли Шӯрои байналмилалии илм (ICSU, 2007). Президенти системаи иттилоотии он-лайн барои нашрияҳои илмии Кариб.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Дорандаи ҷоизаи Анҷумани физикҳои Мексика (2000),
  • ҷоизаи ба номи Сер Ҷуана да ле Круз (2003).
  • Бо медали тилои Лигаи байналмилалии башардӯстон (1998) тақдир шудааст.

Сарчашма

вироиш

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.