Марк Галлай
Марк Ла́заревич Галлай (3 (16) апрел 1914, Санкт-Петербург — 14 июли 1998, Маскав) — халабон-озмоишгари шӯравӣ, доктори илмҳои техникӣ (1972), профессор (1994). Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1957).
Марк Галлай | |
---|---|
Зодрӯз | 16 апрел 1914 |
Таърихи даргузашт | 14 июл 1998 (84 сол) |
Мансубият | |
Солҳои хидмат | Soviet Air Forces[d] ва нерӯи ҳавоӣ |
Қисм | полковник |
Равобит | |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи политехникии Ленинград (1937), мактаби ҳавонавардон ва курсҳои ҳавонавардон-озмоишгарони клуби ҳавонавардии Ленинград. Аз соли 1937 дар Пажӯҳишгоҳи аэродинамикии марказии ба номи профессор Н. Е. Жуковский, Пажӯҳишгоҳи ҳавонавардии озмоишгарӣ (ҳоло ба номи М. М. Громов) кор кардааст. Солҳои 1941-43 дар ҷабҳа (фронт) 80 парвози ҷангӣ дошт. Қариб 125 навъи ҳавопаймоҳо, чархболҳо, планёрҳоро омӯхта, озмудааст. Таҷҳизоти паришро ба флаттер (лапишҳои бол), устуворӣ, идорашавандагӣ ва ғ. санҷидааст. Халабон-озмоишгари пешбари тайёраҳои МиГ-9, Ту-4, 3М, чархболҳои Ми-1 ва Як-100, дастурдеҳи аввалин лётчик-кайҳоннавардон (1960-61) буд. Дар Донишкадаи ҳавопаймоии шаҳри Маскав ва Академияи шаҳрвандӣ дарс додааст. Фанни хусусиятҳои «Аэродинамика ва идораи тайёраҳои реактивӣ»-ро таҳия кард.
Осор
вироишМарк Галлай муаллифи қариб 30 асари илмӣ, очеркҳо ва ёддоштҳо дар бораи ҳавонавардон мебошад. Аввалин асари бадеии ӯ «Гузариш аз садди ноаён» будааст (1960). Марк Галлай аз соли 1975 комилан ба иншои асарҳои бадеӣ шурӯъ карда, худи ҳамон сол узви ИН ИҶШС гардид.
Фоизаҳо
вироишБо 3 ордени Ленин, 4 ордени Байрақи Сурх, 2 Ҷанги Ватанӣ, ордени Ситораи Сурх ва 15 медал сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Галлай Марк Лазаревич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.