Марҳабо Алимова
Марҳабо Латифовна Алимова (тав. 29.10.1961, шаҳри Душанбе), муаллими забон ва адабиёти рус.
Марҳабо Латифовна Алимова | |
Таърихи таваллуд | 29 октябр 1961 (63 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | ботаника |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1979–1984 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1984– 1991 ассистент, 1991–2006 муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забони русии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Солҳои 2006–2007 ҳамчун мудири кафедраи забони русии факултетҳои гуманитарӣ, соли 2008 мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2008 то ба имрӯз муовини ректори донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба корҳои тарбиявӣ мебошад. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ, илмию методӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва барномаҳои таълимӣ аст.
Осор
вироиш- О месте аудирования в работе над материалами по общественно-политической лексике // дар кит. Тайёр кардани мутахассисони омӯзгорӣ тибқи таълими бисёрзина, Д., 1998;
- Причины речевых ошибок студентов национальных групп при изучении общественно- политической лексики // В кн. Совершенствование преподавания практического курса русского языка в неязыковых вузах. Часть 1, Д., 2001;
- Программа практического курса русского языка для вузов с таджикским языком обучения, Д., 2002;
- Речевые умения и навыки в условиях обучения второму (неродному) языку // В кн. Совершенствование преподавания практического курса русского языка в неязыковых вузах. Часть 2, Д., 2003.