Мавлоно Шайхӣ Масеҳии Балхӣ (форсӣ: مولانا شیخی مسیحی بلخی‎; 1476/80, Пушанг — 1568, Балх) — шоири форс-тоҷик.

Масеҳии Балхӣ

Зиндагинома

вироиш

Доир ба ҷараёни ҳаёташ маълумоте дастрас нест; танҳо маълум аст, ки табъи шӯху латифе ва дар миёни мардум иззату эҳтироми бузурге дошта, шоирони давр ӯро устоду «фозили маънавӣ» хондаанд. Масеҳии Балхӣ муосири Навидии Балхӣ ва Мавлоно Абулхайр буда, дар шоирӣ ба Кавкабӣ ва Абулхайр пайравӣ кардааст.

Мероси Масеҳии Балхӣ асосан аз ғазал иборат буда, дар онҳо ишқу муҳаббат, тасвири табиату зебоӣ, ғаму шикоят ва панду ҳикмат омехта баён ёфтаанд. Алишери Навоӣ ӯро «дар фанни мусиқии илмӣ ва амалӣ беназиру беҳамто» ва «соҳиби табъи хубу шеъ ри марғуб» дониста, Саид Нафисӣ ӯро «аз ғазалсароёни забардасти он замон» мешуморад. Намунаҳои осори Масеҳии Балхӣ дар тазкираву баёзҳои гуногун оварда шудаанд.

Адабиёт

вироиш