Масеҳият дар Тоҷикистон

Масеҳиён дар Тоҷикистон ақаллияти динӣ мебошанд. Аксари онҳо православҳо мебошанд (аксаран русҳо), ки аъзои епархияи душанбегии калисои ортодоксии Русия бо маъмурияти епархия дар Душанбе мебошанд (собор — собори Николайи Мӯъҷизаофар (Душанбе))[1] .

Протестантизм аз рӯи шумораи диндорон дуввумин шохаи масеҳият дар кишвар аст. Дар Тоҷикистони муосир протестантҳо аз 9 то 12 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд[2][3] . Ба ин шумора панҷбадаҳҳо (пятидестники) (4,7 ҳазор[2], аз ҷумла ҳаракати кореягии «Сонмин Сунбогум»), пресвитерианҳо аз миссияи «Сонмин Грейс» (1,5 ҳазор[4]), адвентистҳо, баптистҳо, лютеранҳо ва ғайра дохиланд.

Дар Тоҷикистон инчунин католикҳо мавҷуданд, ки дар се махалла муттаҳид шудаанд (дар Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Бӯстон), ки онҳоро 5 коҳин нигоҳубин мекунанд[5] . Немисҳо католисизмро ба Тоҷикистон оварданд.

Ҷамъияти Шоҳидони Йеҳӯва, ки соли 1997 пайдо шуд, дар мавқеи ғайриқонунӣ қарор дорад[6] .

  1. Как живут православные Таджикистана
  2. 2.0 2.1 Jason Mandryk. Tajikistan // Operation World: The Definitive Prayer Guide to Every Nation. — InterVarsity Press, 2010. — 978 p. — (Operation World Set). — ISBN 0-8308-5724-9.
  3. J. Gordon Melton. Tajkistan // Religions of the World, Second Edition A Comprehensive Encyclopedia of Beliefs and Practices / J. Gordon Melton and Martin Baumann. — 2-е. — Santa Barbara, California: ABC CLIO, 2010. — P. 2803—2806. — 3200 p. — ISBN 978-1-59884-203-6.
  4. Walter Sawatsky. Tajikistan // The Encyclopedia of Christianity / Erwin Fahlbusch, Geoffrey William Bromiley. — Wm. B. Eerdmans Publishing, 2008. — Vol. 5 том. — P. 307—308. — 866 p. — ISBN 9780802824172.
  5. Сайт Римско-Католической Церкви в Республике Таджикистан Бойгонӣ шудааст 1 апрели 2009  сол.
  6. В Таджикистане запретили деятельность «свидетелей Иеговы»