Масъуди Сипанд
Масъуди Сипанд (форсӣ: مسعود سپند; 13 июл 1943, Шаҳристони Сарбеша, Устони Хуросони ҷанубӣ — 27 феврал 2022) — шоир ва нависандаи эронӣ. Узви Анҷумани «Пайванд» (1995).
форсӣ: مسعود سپند | |
Таърихи таваллуд: | 13 июл 1943 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 27 феврал 2022 (78 сол) |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
masoudsepand.com |
Зиндагинома
вироишМасъуди Сипанд дар соли 1322 дар Сарбешаи Бирҷанд зода шуда ва дар Машҳад бузург шудааст.[1] Пас аз давраи дабиристон ба Донишкадаи афсарӣ рафта ва муваффақ ба гирифтани фавқулисонс дар риштаи ҷурмшиносӣ мегардад. Пас аз итмоми таҳсилот, бо дараҷаи афсарӣ ба истихдоми шаҳрбонӣ даромада ва охирин воҳиди шуғлии ӯ идораи огоҳии шаҳрбонӣ будааст.
Масъуди Сипанд пас аз истиқрори ҳукумати исломӣ аз Эрон хориҷ шуда дар Калифорния зиндагӣ мекунад[2].
Таълифот
вироишМасъуди Сипанд токунун ду китоб мунташир шудааст: «Бӯйи ҷуйи мулиён» ва «Пол-пол». «Бӯйи ҷуйи мулён» сафарномаи ӯ ба Тоҷикистон аст, ки ба ростӣ бӯи «ҷӯйи мулён»-ро, ки аксар эрониён ҳаргиз иҷозаи ошноӣ бо онро надоштаанд зинда мекунад.
«Пол-пол» маҷмӯъаест аз ашъори Масъуди Сипанд, ки шеъри «Эрони ман» яке аз ашъори он маҷмӯъа аст
Кори дигари Масъуди Сипанд ҳамкорӣ дар интишорӣ маҷаллаи «Ховарон» дар Калифорния будааст, ки беш аз чаҳор сол идома дошт.
Масъуди Сипанд дастандаркори таҳия ва интишори як маҷмӯъаи достонӣ шомили як достони баланд ва ёздаҳ достони кӯтоҳ низ буд.
Аз дигар фаъолиятҳои фарҳангии Масъуди Сипанд таҳияву пахши барномаи телевизиюнӣ бо номи «Боҳамистон» аст. Ӯ аз тариқи пахши барномаҳои «Боҳамистон» (ба рӯйи моҳвора) эрониёнро бо худашон ва Эрон бештар ошно мекард. Барои Масъуд танҳо машҳадӣ, теҳронӣ, табрезӣ ва маҳободӣ ва ғайра эронӣ набуд. Ӯ тоҷикон, афғонҳо ва куллияи форсизабононро мухотаб қарор медод.
Масъуди Сипанд аз соли 1995 узви Шӯрои марказии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» буд.
Даргузашт
вироишМасъуди Сипанд 27 феврали соли 2022 дар 78 солагӣ даргузашт.[3][4]
Эзоҳ
вироиш- ↑ مسعود سپند. payvand.nl. Payvand. 28 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 феврали 2022.
- ↑ Iraj Bashiri. Masoud Sepand. www.angelfire.com (2003). 28 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ Муаллифи «Ман ориёиям» даргузашт. Масъуди Сипанд 79-сола буд(тоҷ.). Pressa.tj (28 феврали 2022). 28 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ مسعود سپند، نویسنده و شاعر ایراندوست درگذشت(тоҷ.). بنیاد میراث پاسارگاد (27 феврали 2022). 28 феврали 2022 санҷида шуд.