Масъуд Миршоҳӣ
Масъуди Миршоҳӣ — (форсӣ: مسعود میرشاهی; зод. 1954 Эрон) — доктори илмҳои тиб (1984), профессор (1986). Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2003). Профессори ифтихории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2000).
Таърихи таваллуд | 1954 |
---|---|
Зодгоҳ | Эрон |
Фазои илмӣ | олим |
Зиндагинома
вироишДонишгоҳи тиббии Машҳадро ба поён расондааст (1979), дар Донишкадаи тиббии Париж мадраки пизишкӣ духтури иммунологро гирифтааст (1982). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: онкология, иммунология, токсикология, бемориҳои чашм. Профессори донишкадаи тиббии Донишгоҳи Париж (1986 — то имрӯз).
Ҷоизаҳо
вироиш- Дорандаи чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои иммунология, биологияи молекулавӣ, онкология ва муҳандисии генӣ мебошад.
- Дорандаи Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи офталмологӣ ба номи Ипсен (2007).
Пайвандҳо
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. -Душанбе: Дониш, 2011. −216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |