Масҷиди Сариосиë
Масҷиди Сариосиё — таърихи 200 сола дорад. Ин масҷид тақрибан соли 1800 барои аҳолии хурди қишлоқи Сариосиё, ки баъдтар яке аз ноҳияҳои (ҳоло ноҳияи Сомонии) шаҳри Душанбе гардидааст, сохта шуд. Соли 1923 ин масҷид пурра таъмир ва васеъ карда шуда ба истифода дода шуд. Деворҳои куҳнаи масҷид вайрон нашудаанд, онҳоро танҳо таъмир кардаанд. Дар саҳни ҳавлии масҷиди якошёна чинорҳои қадима ва ҳавзе маҷуд буд. Дертар дар қисмати шарқии масҷид бинои дуошёна ва манора барои азонгӯйи сохта шуд. Дар солҳои 2010—2014 масҷид боз аз нав тармим гардида дар саҳни он бинои 2 ошёна ва манора сохта шудааст. Масҷиди Сариосиё дар ҳолати хело хуб қарор дорад ва яке аз масҷидҳои ҷомеъи Душанбе мебошад.
Масҷид | |
Кишвар | |
---|---|
Сабки меъморӣ | Меъмории исломӣ |
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.