Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб — масҷиди ҷомеъ, ёдгории меъмории ибтидои асри XX дар шаҳри Душанбе.

Ёдмон
Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб
Кишвар
Макон Душанбе
Дата основания 1890
 Парвандаҳо дар Викианбор
Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб, шаҳри Душанбе
Даромадгоҳи Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб

Таърих

вироиш

Масҷиди ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб соли 1890 таъсис ёфтааст. Масоҳати аввалаи ин масҷид на онқадар бузург буд, танҳо қисми чапи масҷиди имрузаро дар бар мегирифт. Солҳои 1905—1910 чун масҷиди гузар бино ёфта, баъдтар ба масҷиди ҷомеъ табдил шуд. Cолҳои 1920—1943 фаъолияташ бо сабаби динситезии режими комунистӣ қатъ гардида буд ва аз соли 1944 дубора фаъолияташ оғоз шуда то ба имрӯз фаъолият дорад. Масҷиди ҷомеи Ҳоҷӣ Яъқуб бо маблағгузории худи Хоҷи Яъқуб ва модари ӯ сохта шудааст. Ин масҷид яке аз масҷидҳои асосии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Дар худуди ин масҷид аввало қозиёт, сипас маркази Исломии Ҷумхурии Тоҷикистон (Муфтиёт) ҷой гирифтааст. Баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ масоҳати масҷид васеътар карда шуд, лекин азнавсозии он соли 1990 оғоз ёфт. Барои сохтумони он аз тамоми кишвар ва ҷумхуриҳои ҳамсоя устоҳо таклиф карда шуданд. Соли 1997 сохтумони ин масҷид пурра ба итмом расид, лекин дар надикии он сохтмони Донишгоҳи исломии Тоҷикистон давом дошт, ки имрӯз ба охир расидааст.

Меъморӣ

вироиш

Бинои аввали масҷид мураббаи яксутуна буд ва аз самти ҷанубу шарқиаш айвон дошт. Болорҳои масҷид кандакорию мунаққашанд. Сутун дорои миёнбанди мурӯдшакл аст. Дар сарсутун чор муаллақаи салибшакл насб кардаанд, девори ғарбӣ меҳроби пайконӣ дорад, ки ҳошияи давродаври он гаҷкорист. Дохили чавкот бо услуби нақшҳои табиӣ гачкорӣ шудааст. Дар болои меҳроб гирдагули нақшини катибадор насб шудааст. Дар ду тарафи меҳроб тоқҳои хурди гачкорӣ ҳаст. Айвони шарқӣ чор сутуни кандакорӣ дорад. Посутунҳо ба усули кӯзагӣ ва сарсутунҳо ба шакли мураббаъ кандакориву тарошида шудаанд. Девори ғарбии айвон меҳроб дорад, ки байни ду тоқи хонақоҳ ҷой гирифта, гаҷкорӣ шудааст. Аз тарафи ҷануб айвон хонаи дуошёна бино ёфта, айвони дуқабатаи хонақоҳро пуршукӯҳтар гардонидааст. Дари ин хона низ кандакорӣ мебошад. Дар шафати бинои тӯлонии гунбазшакл хонақоҳ қад рост кардааст, ки болопӯш аст ва қаторсутунҳо дорад. Қаторсутунҳои айвон кандакорӣ шуда, ба услуби кӯзагӣ оро ёфтаанд. Шифти айвонро лок додаанд. Дар мобайни нижвони айвон, ки рӯ ба тарафи шарқ мебошад, кайвон ҳаст. Девори ғарбии айвон нуҳ равзанаи пайконшакл дошта, панҷаракорӣ шудаанд. Тоқи даромадгоҳи марказӣ пайконшакл буда, нисбатан муҳташам аст. Аз самти шарқии ҳавлӣ бинои дуошёна ва меҳмонхона ҷой гирифтааст. Масҷид яке аз намунаҳои ҷолиби ҳунари меъмории халқии маҳаллист ва борҳо таъмиру тармим шуда, айни ҳол бо воситаҳои замонавии мухобирот таҷҳизонида шудааст[1].

Таъмиру бозсозӣ

вироиш

Замони муфтигии Ҳоҷӣ Фатҳуллоҳхон Шарифзода дар соли 1994 бинои қадимаи масҷид аз байн бардошта шуд ва дар соли 1995 бинои асосии масҷиди нав дар ду ошёна бо гунбад ва биноҳои ду паҳлӯи масҷид сохта шуд. Бори аввал дар соли 1996 тармиму таъмири дохил ва деворҳои беруни масҷидро усто Саид Икроми конибодомӣ оғоз намуд ва замони фаъолияти раиси Маркази исломӣ будани Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Неъматзода дар соли 2009 ошёнаи аввал, фарш ва деворҳои даруну беруни масҷид ба пуррагӣ анҷом ёфт. Ва дар замони раисии Саидмукаррам Абдлуқодирзода солҳои 2010—2014 тармиму таъмири таҳхона ва ошёнаи дуюми масҷид ва таҳоратхонаи он, инчунин болопӯши биноҳои масҷид ва Маркази исломӣ ба пуррагӣ анҷом шуд[2].

Дар маcҷид солҳои тӯлонӣ қозиёт, сипас муфтиёт ва алҳол Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Дар шафати масҷиди ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб идораи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои уламо ҷойгир аст. Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб дар як вақт имкони гунҷоиши 10-12 ҳазор намозгузорро дорад.

Нигаред низ

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 558—360
  2. Масҷиди ҷомеи марказии ш. Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб. shuroiulamo.tj. Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26 Январ 2023 санҷида шуд.