Саидмукаррам Абдулқодирзода

Саидмукаррам Абдуқодирзода

Саидмукаррам Абдулқодирзода — яке аз чеҳраҳои матраҳи ҷомеаи мазҳабӣ дар ҷумҳурӣ, муфтии кишвар, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, номзади улуми филологӣ

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода
Сурат
Таърихи таваллуд 1963(1963)
Зодгоҳ ноҳияи Темурмалик ҶШС Тоҷикистон
Кишвар
Пеша олим, муфтӣ, раҳбари мазҳабӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Саидмукаррам Абдуқодирзода соли 1963 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон (собиқ ноҳияи Совет) дар оилаи рӯҳонии машҳур - домулло Абдулқодир ба дунё омада, маълумоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии динӣ ва ҳифзи кулли Қуръони каримро дар зодгоҳаш гирифтааст. Аз соли 1995 то соли 2000-ум дар факултаи Усули дини Донишгоҳи байналмилалии исломии шаҳри Исломободи Покистон дар бахши Тафсир ва Ҳадис таҳсили илм кардааст. Солҳои 2000-2003 донишҷӯи бахши аспирантураи Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломободи Покистон буд. Вай фаъолияти кориашро дар солҳои 2003-2004 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ба ҳайси омӯзгор оғоз кард. Солҳои 2004-2005 роҳбари бахши тайёрии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа буд. Аз моҳи апрели соли 2005 то моҳи августи соли 2008 дар вазифаи ноиби ректор оид ба таълим ва тарбияи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа фаъолият намуда, ҳамзамон факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардааст. Соли 2007 ба магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2008 онро ба поён мерасонад. Соли 2008 ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд. Аз 24 июли соли 2008 то моҳи майи соли 2010 дар вазифаи мудири бахши кор бо ташкилотҳои динии Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Баъдан, то 1 августи соли 2010 дар Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори Раёсати иттиҳодияҳои динӣ ифои вазифа кардааст. Солҳои 2004-2008 дар садову симои ҷумҳурӣ барномаҳои хоси марбут ба маърифати динӣ манзури мардум мекард. Аз моҳи октябри соли 2010 инҷониб дар вазифаи Раиси Маркази исломӣ ва Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд мебошад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Саидмукаррам Абдуқодирзода солҳои 2003-2014 беш аз 60 мақолаи хурду бузурги мавсуф оид ба фазои диндорӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳои бартараф намудани монеаҳои он, ташаккули ҷаҳонбинии динии мардум, баррасии муаммоҳои ифротгароиву хурофот ва дигар масоили муҳим дар матбуот чоп шуда, зиёда аз 100 барномаҳою мусоҳибаҳояш дар мавзӯъҳои мухталифи дину мазҳаб ва панду ахлоқ дар радиову телевизион ба мардум пешниҳод шудаанд.[1]

Соли 2012 дар мавзӯи «Арзиши адабии «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ» баҳри дарёфти дараҷаи илмии номзади улуми филологӣ рисолаи арзишманди илмиро ҳимоя намудааст. Номзади улуми филологӣ.[2] Саидмукаррам Абдуқодирзода инчунин бо чандин мукофот ва ифтихорномаҳои давлатӣ сарфароз гаштааст.

Донистаниҳо

вироиш

Саидмукаррам Абдуқодирзода тайи солҳои 2011-2012 замоне шуҳраташ дар байни мардум зиёдтар шуд, ки бо бародарон Тӯраҷонзодаҳо баҳсашон дар мавзӯи “Ошӯро” расонаӣ шуд ва як матлаби ӯ бо се шакл дар расонаҳои чопӣ ва тавассути имомхатибони кишвар аз минбарҳои масоҷид қироат карда шуд. Ин матлабҳоро оилаи Тӯраҷонзода ҳамчун таҳқиру туҳмат қабул карда, баҳсро ба додгоҳ кашиданд, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки ин паравандаро баррасӣ мекард, ҳалномаашро ба фоидаи Саидмукаррам Абдулқодирзода содир кард.

Пайвандҳо

вироиш