Матлуба Дадабоева (Мавлуда Халилова; зод. 15 октябр 1955 ё 5 октябр 1955, ноҳияи Чуст, Вилояти Намангон) — овозхон ва мақомсарои аҳли узбак, Ҳунарпешаи халқии Узбакистон (2007)[1], Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2018)[2].

Матлуба Дадабоева
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 15 октябр 1955(1955-10-15) (69 сол) ё 5 октябр 1955(1955-10-05) (69 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Матлуба Дадабоева 5 октябри соли 1955 деҳаи Варзики дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон таваллуд шудааст[3]. Пас аз хатми мактаби тоҷикии № 13-и деҳаи Варзик, соли 1973 ба Институти театру ҳунари Тошканд ба номи Островский дохил шуд[4] ва замони дар курси сеюм ӯро ба Ансамбли мақоми Кумитаи телевизион ва радиои Узбакистон ба кор пазируфта шуд[5]. Дар ин даргоҳ Матлуба аз устодони бузурги мақом Орифхон Алимахсумов, Эҳсон Лутфуллоев, Очилхон Отахонов, Турғун Алиматов сабақ омӯхт[4][3].

Сурудаҳо

вироиш

Матлуба Дадабоева аз овони ҷавонӣ дар баробари забони узбакӣ бо забони тоҷикӣ низ суруд мехонад. Беҳтарин сурудҳои классикии иҷрокардаи ӯ «Насруллоҳӣ» (ғазали Ҳофиз), «Талқини уззол» (Восифӣ), «Муғулчаи Дугоҳ» (Фурӯғӣ), «Сарахбори ороми ҷон» (Ҳофиз), «Ҳусайнӣ» (Ҳофиз), «Насри Баёт» (Ҳилолӣ), «Нимчӯпонӣ» (Бедил), «Чоргоҳ» (Камол), «Ушшоқ» (Рӯдакӣ) ва ғайра дар барномаи Матлуба мақоми хос доранд[3].