Матлуба Ҳақназарова
Матлуба Абдумаҷидовна Ҳақназарова (07.10.1961, шаҳри Кӯлоб), доктори илми тиб (2012).
Матлуба Абдумаҷидовна Ҳақназарова | |
Таърихи таваллуд | 7 октябр 1961 (63 сол) |
Зодгоҳ | Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | Беморхонаи марказии н. Темурмалик, клиникаи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрии Тоҷикистон,Маслиҳатхонаи занонаи рақами 3-и Душанбе, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, ИҶШС |
Зиндагинома
вироишСоли 1984 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм намуда, дар интернатураи он хондааст. Солҳои 1985-1988 акушер-гинекологи Беморхонаи марказии н. Темурмалик, 1988-1990 ординатори клиникии кафедраи акушерӣ-гинекологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, 1990-1993 акушер-гинеколог ва мудири Маслиҳатхонаи занонаи рақами 3-и Душанбе, 1994-2001 сардухтури клиникаи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрии Тоҷикистон, 2001-2005 хидмат дар ҷумҳурии Яман, 2005-2008 муовини декани факултаи тибби умумӣ ва муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буд. Аз соли 2008 вазифаи декани факултаи фармасевтиро адо намудааст. Перомуни ҷанбаҳои клиникию эпидемиявӣ ва тиббию иҷтимоии фавти занон дар Тоҷикистон ва роҳҳои кам кардани он, солимии насловарии занон ва ғайра беш аз шаст кори илмӣ ба нашр расондааст.
Осор
вироиш- Принципы терапии больных хламидийной инфекции. Методическое указание. – Д., 2007;
- Репродуктивное здоровье женщин при инфекциях, передающихся половым путем: Дисс… доктора мед. наук. – М., 2011.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.