Махфии Бадахшӣ
Сайида Махфии Бадахшӣ (форсӣ: سیده مخفی بدخشی; 1876, Файзобод — 16 январ 1964, Файзобод) — шоири форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 1876 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 16 январ 1964 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Зиндагинома
вироишМахфӣ дар хонаводаи номдори мирони Бадахшон соли 1877 дар мавзеи Хулми Тошқурғон, замоне ки падараш дар он ҷо бадарға буд, ба дунё омадааст[1]. Падараш Мирмуҳаммадшоҳи Оҷиз шоир ва нависанда буда, асари дастнависи манзуму мансури ӯ ба номи «Чорбоғи шоҳӣ» боқӣ мондааст. Модараш Бибӣ Ҷаҳоноро ном дошта, духтари Оқсақол Баҳори Қалуғ буд. Бародаронаш Мирмуҳаммадшоҳ ва Суҳробшоҳ ҳарду аҳли завқ буда, бо тахаллуси Ғамгин ва Савдо шеър мегуфтанд. Номи аслиаш Саидат ё Саидатуннисо буда, Махфӣ тахаллуси шоириаш мебошад.
Махфӣ дар зиндагӣ талхиҳои зиёдеро чашида ва тақрибан нисфи умри худро дар бадарға ва оворагӣ сипарӣ кардааст. Яксола буд, ки падараш вафот мекунад ва дар чорсолагӣ (1298) хонаводааш ба Бадахшон бармегардад. Аммо як сол нагузашта (1299) хонаводааш тавассути сардор Абдуллохони Тухӣ ба Кобул табъид мешавад. Як сол дар Қадаған зиста соли 1300 ба Кобул мерасанд. Вале се моҳ нагузашта, дар 8-солагӣ боқимондаи хонаводаашро ба Қандаҳор бадарға мекунанд ва онҳо 20 сол дар он ҷо мемонанд. Дар аввалҳои салтанати Амир Ҳабибуллохон (салтанат 1901—1918) зоҳиран иҷозати баргашт ҳосил намуда, ба Кобул меояд ва 16 сол дар пойтахт зиндагӣ мекунад. Соли 1914 дар 37-солагӣ ба Бадахшон баргашта дар деҳкадаи Қарақузи наздики Файзобод, дар канори дарёи Кукча сукунат ихтиёр намуд ва саранҷом баъди 87 соли умри пурранҷ соли 1964 аз ҷаҳон чашм пӯшид.
Махфӣ тамоми умр муҷаррад, бо тақвою порсо зист ва чунон ки мегӯянд бо орифону олимон ва адибони муосири хеш аз пушти парда суҳбат мекард[1]. Махфӣ на танҳо тахаллуси Зебуниссо(Махфӣ) гирифт, балки ба тарзи зиндагии вай низ пайравӣ намуда, охирҳои умрро бо узлатнишинӢ, дар як гӯшаи Бадахшони Афғонистон гузарондааст[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Ғиёсиддин Қодиров. Махфии Бадахшӣ(тоҷ.). osiyoavrupo.tj (18 май 2021). 27 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Мирзоҷалоли Шоҳҷамол. Дили ҳассоси “парданишинони сухангӯй”(тоҷ.), Радиои Озодӣ (16 апрели 2011). Проверено 27 май 2024.