Ғамгини Бадахшӣ
Мир Муҳаммадшоҳхон Ғамгини Бадахшӣ (форсӣ: غمگین بدخشی; қарни XVIII — 1902) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишПадараш Мир Маҳмудшоҳхон ҳокими Бадахшон буд, табъи шоирӣ дошт ва бо тахаллуси Оҷиз шеър мегуфт. Шоира Махфии Бадахшонӣ хоҳари Ғамгини Бадахшӣ мебошад. Ғамгини Бадахшӣ дар назди падараш таълим гирифтааст. Дар замони ҳокимияти Амир Абдурраҳмонхон дар Афғонистон хонадони Ғамгини Бадахшӣ ба шаҳри Кандаҳор кӯч баст ва Ғамгини Бадахшӣ дар ҳамин ҷо ба эҷоди асарҳо машғул шуд. Муаллифони манбаъҳои адабӣ Ғамгини Бадахширо шоири соҳибдевон ёд кардаанд. Ғамгини Бадахшӣ яке аз муътақидони Мирзо Абдулқодири Бедил буд ва дар пайравӣ аз ӯ ғазалҳо сурудааст. Абёти зерин аз ӯянд:
Ҳарчанд ба ёди лабат об аст дили мо,
Ороиши сад гавҳари ноб аст дили мо.
Гар ҳадиси лаби ҷонбахши ту машҳур шавад,
Тарсам, Исо ба замин ояду ранҷур шавад.
Хизр як шаммае аз кулфати ҳиҷрон бинад,
Сар бипечад ба кафан зиндаву дар гӯр шавад...
Бӯйи гул медамад аз сабзаи хокаш то ҳашр,
Он ки бо доғи ғами ҳамчу ту дар гӯр шавад.
Чун шафақ дар дили шаб уқдаи хун мегардад,
Гар ба рӯйи ту муқобил шафак аз дур шавад.
Ҷойи он аст ба ин шеъри тару хуш, Ғамгин,
Ҳосиди тираравони ту зи ғам кӯр шавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғамгини Бадахшӣ / С. Ализода // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.