Машриқии Машҳадӣ
Мирзомалик Машриқии Машҳадӣ (форсӣ: میرزا ملک مشرقی مشهدی[1]; ? — 1640/42) — донишманд ва шоири форс-тоҷик, муншӣ ва надими Шоҳ Аббос.
форсӣ: ملک مشرقی قزوینی озарбойҷонӣ: Malik Məşriqi Qazvini | |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1640 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир, Royal Secretary |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишАз олимон ва фозилони номвари за монаш буда, сарфу наҳви арабӣ, мантиқ, илмҳои диния ва адабро хуб медонист. Аз илми мусиқӣ низ бохабар будааст. Муддате дар Хуросон зиндагй ва бо шоирони ин ҷо ҳамкорӣ дошт. Пас ба Исфаҳон рафта, ба хидмати Шоҳ Аббос даромад. Бино бар маълумоти муаллифи «Ништари ишқ» ашъорашро 11 ҳазор байт шумурдаанд, ки аз ғазалу қасида ва рубоию китъаҳо иборат будааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ میرزا ملک مشرقی مشهدی. ویستا. 25 июни 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Машриқии Машҳадӣ / А. Асроров // Калим — Работ. — Д. : СИЭМТ, 1989. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 2). — ISBN 5-89870-001-3.