Машқ
Машқ — (аз забони арабӣ - пай дар пай, варзиш)
Дар таълим
вироишТакрори мунтазами фаъолияти фикрӣ ё амалӣ, ки мақсади пухта кардан дорад. Машқ дар таълим барои ҳосил кардани маҳорат ва малака мавқеи калон дорад. Барои он ки машқ натиҷаи дилхоҳ диҳад, ба ҳисоб гирифтани шароити мавҷуда, фаҳмидани саҳву нуқсонот ва донистани роҳҳои ислоҳи онҳо зарур аст. Машқ он вақт фоида мебахшад, ки аз иҷрои амали сода ба иҷрои амали мураккаб тадриҷан гузашта шавад. Илова бар ин, ташкили дурусти такрор лозим, чунки такрори барзиёд ба хастагӣ ва такрори кам ба канда шудани алоқаҳои таркиб ёфта боис мегардад. Дар аввалҳои таълим бештар ва дар охирҳои он камтар такрор кардан ба мақсад мувофиқ аст. Машқи мактабӣ, одатан ҳар фан ва корҳои берун аз синф ва берун аз мактаб хос аст. Машқ барои кори мустақилона ва инкишофи қобилияти эҷодии хонандагон ёрии ҷиддӣ мерасонад. Машқ дар корҳои тарбия низ истифода мешавад.
Дар мусиқӣ
вироишМашқ тайёрии махсусест, ки созанда ва хонанда оҳанг ва сурудро мувофиқи нишондоди устод аз худ ва иҷро мекунанд ва маҳорати худро меафзоянд. Оҳангҳое, ки бо асбоби алоҳида ё аз тарафи дастаи навозандагон иҷро карда мешавад, низ Машқ ном дорад. Масалан: машқи Дилхироҷ, машқи Наврӯзи Аҷам ва ғайраҳо. Роҳҳои навозиши сурудҳо низ Машқ номида мешавад. Созандагонро машшоқ, яъне машқкунандагон мегӯянд.
Нигаред
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |