Маърифат Қозиҷонов

Маърифат Афзалович Қозиҷонов (20 октябри 1913, Бухоро — 5 майи 1983, Душанбе) — oлим, педагоги тоҷик, доктори илмҳои педагогӣ (1974). Бо нишони «Аълочии маорифи халқи ИҶШС» (1975), чандин медалҳо ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

Маърифат Қозиҷонов
Маърифат Афзалович Қозиҷонов
Таърихи таваллуд 1913(1913)
Зодгоҳ Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 1983(1983)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишкадаи омӯзгории ш. Бухоро, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи халқи ИҶШС» (1975)

Зиндагинома

вироиш

Соли 1929 ба Сталинобод омада, дар омузишгоҳи мусиқӣ таҳсил карда, ҳамзамон дар театри мусиқӣ — драмавӣ (Тeатри ба номи Лоҳутӣ) навозанда будааст (1929—1932). Солҳои 1932—1937 корманди адабии рӯзномаҳои «Барои коллективӣ», «Газетаи муаллимон», муаллими фанни забон ва адабиёти техникуми маданӣ- равшаннамоӣ ва омӯзишгоҳи духтаронаи ш. Душанбе буд. Солҳои 1937—1939 дар факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Тошкент ба номи М. Горкий таҳсил кардааст. Солҳои 1939—1940 ҳамчун муаллими омӯзишгоҳи омӯзгории № 2 ш. Хуҷанд кор кардааст. Солҳои 1940—1942 таҳсилро дар факултети адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Бухоро давом дода, пас аз хатми донишкада чанд муддат ҳамчун муаллим дар кафедраи адабиёт кор кардааст. Солҳои 1943—1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудааст.

Фаъолият

вироиш

Солҳои 1945—1950 муаллими Донишкадаи омӯзгории ш. Бухоро буд. Солҳои 1951—1960 ҳамчун муаллими кафедраи адабиёти тоҷик, 1960—1973 мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст[1]. Муаллифи 8 китоб, зиёда аз 100 мақолаҳои илмию методӣ ва барномаҳои таълимӣ мебошад. Оид ба инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагони синфҳои 5-7, таълими савод ва шаклҳои таълими адабиёт дар мактабҳои тоҷикӣ аз нимаи дуввуми асри ХIХ то солҳои 30- юми асри ХХ тадқиқоти илмӣ анҷом додааст. Бо роҳбарии ӯ шаш нафар рисолаи номзадии худро дифоъ намуданд. Ӯ тарғибгари фаъоли донишҳои педагогӣ дар байни мардум буд.[2][1] Бойгонӣ шудааст 1 марти 2019  сол. Солҳои 70-ум дар телевизиони тоҷик барномаи « Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар» пахш мешуд, ки М. Қозиҷонов барандагии онро ба уҳда дошт.

Осори илмӣ

вироиш
  • Материалҳо аз методикаи таълими адабиёт. Қ.1, Сталинобод, 1955;
  • Материалҳо аз методикаи таълими адабиёт. Қ. 2, Сталинобод, 1956;
  • Корҳои хаттӣ дар машғулиятҳои хониши адабӣ, Сталинобод, 1958;
  • Инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттии талабагон, Д., 1969;
  • Хониши бадеӣ ва нақл, Д., 1979;
  • Таълими адабиёт дар мактабҳои ҳаштсола, Д., 1982;
  • Таълими адабиёт дар мактаб (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1988;
  • Таълими савод дар мактаби куҳна, Д., 1998.
  1. Asia-Plus, Педагог с большой буквы. — Душанбе, 2013. — 3 октября
  2. нусхаи бойгонӣ. 27 феврали 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 марти 2019.

Пайвандҳо

вироиш