Маъсумхоҷа
Маъсумхоҷа (? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик, намояндаи доираи адабии Бухоро.
Зиндагинома
вироишДар зодгоҳаш Самарқанд зиндагӣ ва таҳсили илм намудааст. Нисорӣ дар тазкирааш «Музаккиру-л-ахбоб» Маъсумхоҷаро аз авлоди машоихи муътабар ёдоварӣ мекунад. Ба қавли Нисорӣ «пайваста амал аз рӯи илм» менамудааст. Қуръонро пурра ҳифз намуда, хеле накӯ мехондааст. Муддате дар шаҳри Кеш таҳсил намуда, барои такмили илму дониш ва шеъру шоирӣ ба Бухоро рафта, шуҳратманд шудааст. Маъсумхоҷа дар шеъру шоири табъи хуб дошт; Нисорӣ дар ин хусус гуфтааст:
Сӯзи Хусрав дораду алфози Ҳофиз дар сухан,
Нозукиҳои Ҳасан в-он гаҳ хаёлоти Камол.
Намунае аз ашъори ӯ:
Дар чаман сарви хиромони маро ёд кунед,
Дар сухан ғунчаи хандони маро ёд кунед.
Ҷаъди сунбул чу ба рухсори гул уфтад ҳар сӯ,
Ҳалқаи зулфи парешони маро ёд кунед.
Дар шаби тира чу бурқаъ фиканад бадри мунир,
Партави шамъи шабистони маро ёд кунед.
Абри найсон ба баҳорон чу гуҳар афшонад,
Килки назми гуҳарафшони маро ёд кунед.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Маъсумхоҷа / У. Назиров // Калим — Работ. — Д. : СИЭМТ, 1989. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 2). — ISBN 5-89870-001-3.