Мақбараи Баёнқулихон
Мақбараи Баёнқулихон — ёдгории меъморӣ дар Бухоро (нимаи дуюми садаи XIV).
Ёдмон | |
Кишвар | |
---|---|
Макон | Бухоро |
Конфессия | ислом |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Намунаи нодири услуби нави санъати меъмории миллӣ. Бинои росткунҷаест, ки аз зиёратхона ва гурҳоиа иборат буда, дар болои пойдевори хеле [баланд (холо зери хок мондааст) сохта шудааст. Мақбараи Баёнқулихон муҷаз ва боҳашам аст. Намой шаркӣ ва асосии иморатро пештоқи мунақкаш хеле зебо оро додааст, ки дар ду гушааш гулдастаҳои хурд дорад. Биной чорсуи зиёратхона гунбазпуш буда, гунбазаш ба шарафаҳои мукарнаси такя мекунад. Дарунтар гурхона вокеъ аст. Девори ду паҳлӯи бино ниҳоят рафс буда, дар мобайнаш долони такт дорад (максади сохтани ин долон то ҳол маълум нест). Мақбараи Баёнқулихон бо ороишоти беҳамтояш дар байни ёдгориҳои меъморӣ чои намоёлро ишгол мекунад. Сар то сари дсворхо аз косаи гунбази зиёратхона бо сафолакҳои рангоранг кошикорн шудааст. Кошикориҳои ин чо аз намуиаҳои пешина бо он фарқ. мекунанд, ки инхо аз порчаҳои яклухти калони хамвор ё барчаста чида шудаанд. Кандакориаш хеле мураккаб буда {гирех, ислими), рангҳои фируза, кабуд, сафед вз бунафш моҳирона истифода шудаанд. Деворҳои гурхона низ кошикорист. Бисьёр чои ороишот ва гунбаз хароб шудааст. Дар давраи советӣ Мақбараи Баёнқулихон таъмир гардид.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.