Мақбараи Домуло Икром
Дар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
МАҚБАРАИ ДОМУЛЛО ИКРОМ - ёдгории меъмории охири асри XIX дар деҳаи Лангари Калони ноҳияи Муъминобод. Дар теппаи барҳаво аз хишти пухта бино ёфтааст. Намош сода, бидуни ороиш. Аз ҷиҳати сохт ва банду баст ёдгориҳои меъмории Бухороро ба ёд меорад. Эҳтимол меравад, ки дар сохтмони он устоҳои бухороӣ иштирок карда бошанд. Панҷараҳои тоқшакли гачеорӣ якҷоя бо девори асосӣ ҳашттаркро ташкил додаанд, гунбазчаҳои болои онҳо низ ба иморатҳои сабки бухороӣ қаробат доранд. Дар тарафи чапи даромадгоҳ, дар дохили мақбара меҳроб воқеъ гаштааст, ки чунин тарзи сохтани мақбара дар амалияи меъмории пешин дида нашудааст. Тоқи меҳробро муқарнаси мураккаб оро додаст. Аз қабатҳои зиёди андова маълум мешавад, ки мақбара борҳо таъмир гаштааст. Домулло Икром баъди хатми мадрасаи Бухоро дар ҳамон ҷо монда, ба мударрисӣ машғул будааст. Дар овони пирӣ ба зодгоҳаш бармегардад ва дар ҳамин ҷо вафот мекунад. Азбаски Мақбара дар теппаи нисбатан баланд сохта шудааст, ба назар аз будаш калонтар ва бохашаматтар менамояд. Намоҳояш хеле оддй буда, бе ороишанд. Сохт ва бандубасти Мақбара услуби ёдгориҳои меъмории Бухороиро (а-ҳои 18—19) ба хотир меоварад (эхтимол дар сохтани он устоҳои бухорой иштирок карда бошанд). Шарафакои токшакли гачкорӣ якчоя бо девори асосӣ хашттаркро ташкил лодланд ва гунбазчаҳои болои онҳо низ ба шморатҳои услуби бухорой наздикамд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.