Мақбараи Лангарота
МАҚБАРАИ ЛАНГАРОТА - ёдгории меъморӣ дар ноҳияи Спитамен. Асрҳои 16 – 17 бо хишти пухта сохта шудааст ва андоваи гаҷӣ дорад. Шаклаш мураббаъ (3х3), равоқтоқи ҳар ду тарафаш умқӣ. Дар дохили ин равоқтоқҳо равоқтоқҳои нисбатан хурд сохта шудаанд. Тоқи шарқӣ даромадгоҳ дорад. Гунбаз ду равзани росткунҷа дошта, дар болои асоси ҳашттарк воқеъ аст. Бандубасти зери гунбазро шурфаҳои бодбонӣ ташкил мекунанд. Дар пештоқи даромадгоҳ равоқтоқи росткунҷа ҳаст. Пештоқ ва кунҷҳои он бо дандонаю кунгураҳо оро ёфтаанд. Гунбаз бо ранги равғании осмонӣ оро ёфтааст. Аз тарафи ғарби гӯрхона зиёратхонаи дуҳуҷра ҷойгир аст. Хонаи пеш меҳроб ва аз ду паҳлӯи он тоқча, аз тарафи ҷануб даромадгоҳе дорад, к ибо равзан рӯшноӣ медарояд. Равоқҳои дарун ба дарун тарҳи нимдоиравӣ доранд. Зиёратхона болорӣ аст, аммо ба ҷойи болорҳои муқаррарӣ меъморон сутунҳои кандакории қадимиро ба кор бурдаанд. Мақбара намунаи хуби меъмории ниёгон аст.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.