Мақбараи Махдуми Аъзам

Мақбараи Махдуми Аъзам - ёдгории меъмории асри XVI дар ноҳияи Ҳисор.

Мадраса қадимтарин илҳоқияи марбути ансамбли меъмории буда, дар масофаи садметри ҷануби Мадрасаи Кӯҳна дар ду давра болои қабри Сайид Аҳмад Ҷалолиддин Косонӣ (аз пешвоёни бидъати дарвешони нақшбандия) бино ёфтааст. Сараввал мақбара аз ду қисм – зиёратхона ва гӯрхонаи хурдандоза таркиб ёфта буд. Даромадгоҳи асосӣ пештоқдор буда. Аз ҷануб ба зиёратхона роҳ дорад, ки он аз гӯрхона ҳам мегузарад. Толори мураббаи гунбазии зиёратхона аз ҳисоби чаҳор тоқи васеъ тавсеа ёфтааст. Гӯрхона аз ғарбу шарқ ба зиёратхона даромадгоҳҳо дорад. Гунбази гӯрхона ба шарафаҳои бодбонӣ, ки байнашон тоқҳо доранд, такя дорад. Ҳошияҳои барҷаста шарафаҳо ва тоқҳоро мавзунӣ бахшидаанд, ки чунин услуб дар дигар меъмориҳои Осиёи Миёна мушоҳида намешавад. Баъдтар (худи ҳамон аср) аз ғарб боз ян гӯрхонаи гунбаздори дигаре бо ҳамин шаклу андозаи зиёратхона сохта шуд, вале генбазаш ба равоқҳои ҳашттарка такя надошта, чун зиратхона ба ҷуфтпулҳои равоқии гӯрхона такя мекунад, ин тарзи ҷадид дар меъмории асрҳои 15 – 16 ривоҷ гирифта буд. Чунин усул имкон медод, ки қутри гунбазҳо хурд ва маркази вазнинии бино кам гардад. Мақбара сохти умумии марғубу дилрабо дорад, ки аз намунаи нодири ёдгориҳои меъмории Осиёи Миёна ба шумор меравад. Мақбара дар солҳои 80–и асри ХХ таъмир ва тармим шудааст. ҳамчун ёдгории меъморӣ дар муҳофнзати давлат аст.[1]

Адабиёт

вироиш
  • Муқимов Р.,Сабзов У. Архитектурные памятники Гиссарской долины. - Душанбе,2014.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 349