Ёдгории меъморӣ

(Тағйири масир аз Ёдгориҳои меъморӣ)

Нахустин ёдгории қадимтарини Тоҷикистон ғорҳои Помири Шарқӣ (Ғори Шахта) аст, ки дар он суратҳои ҳайвонот ва симоҳои афсонавӣ кашида шуда, ба ҳазорсолаҳои даҳуму панҷуми пеш аз мелод тааллуқ доранд. Аз замони неолити дерин (ҳазорсолаҳои панҷуму сеюми то мелод) дар Данғара сукунатгоҳи Кӯйи Булён маълум буда, фарши иқоматгоҳҳои он аз тахтасанг сохта шудааст. Инчунин ба ҳамон давр (замони энеолит ва ибтидои замони биринҷӣ) дар наздикиҳои ПанҷакентСаразм ба вуҷуд омадани сукунатгоҳи заминдории қадим тааллуқ дорад, ки дар он аз хишти хом ва девори похса маҳалҳои аҳолинишин, шоҳкориҳои меъморӣ ва ибодатгоҳҳо бунёд карда шудаанд. Маълум аст, ки аҳолии ин маҳал бо бисёр мамолики мутамаддини Шарқ, то ба фарҳанги мардуми Байнаннаҳрайн, Булуҷистон ва Ҳиндустон, Суғд, Бохтар робитаҳои ҳарҷонибаи фарҳангию тиҷоратӣ доштаанд.

Мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро

Дар асрҳои VI -IV то мелод давлатҳои сарзамини Осиёи Марказӣ дар тасарруфи Давлати Ҳахоманишиҳо буданд ва ин ба он мусоидат намуд, ки анъанаи меъморию бадеии тамаддунҳои хеле рушдкардаи Шарқ – Эрон ва ба василаи он Мидия, Бобулистон ва Миср ба Осиёи Миёна интиқол гардад.

Истилои Искандари Мақдунӣ дар асри IV то мелод халқҳои сарзамини Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистонро бо фарҳангу санъати юнониёни қадим ошно намуд. Дар ин ҷо давлати Юнону Бохтар ташкил ёфта, дар меъмории он таъсири нишонаҳои меъмории антиқаи Юнону Рум зоҳир гардид. Тимсоли шаҳрҳои қадимае, ки дар замони юнонию бохтарӣ бунёд шудаанд, Александрия Эсхатаи (Хуҷанди имрӯза) дар Яксарт (Сирдарё), Тахти Сангин дар мавзеи ба ҳам омадани дарёҳои Вахшу Панҷ ва дигарҳо ба шумор мераванд. Ҳоло дар бузургшаҳри Тахти Сангин маъбади мардумӣ кашф гардида, ки онро ба Худои дарёи Окс (Амударё) мансуб медонанд. Дар толору ҳуҷраҳои маъбад зиёда аз 5000 ашёи гуногуни зебу зинат, ороишоти меъморӣ, асбобу анҷоми рӯзгор ва ҳар гуна ашёи маъбад дарёфт шудаанд.

Дар бинокории салтанати Кушониён (асрҳои I - IV мелод) ва дини расмии бутпарастии он пайкараю наққошиҳо фаровонанд, ки сохтори хонаву ибодатгоҳҳоро зебу зиннат додаанд. Яке аз бузургтарин ибодатгоҳҳои бутпарастӣ Аҷинатеппа аст, ки дар ҷануби Тоҷикистон воқеъ гардида, бо нигораю пайкараҳои зиёд ороиш ёфтааст. Дар байни маҷмааи пайкараҳои фаровон муҷассамаи дувоздаҳметраи Буддои хобида мавқеи хосса дорад. Аз ҷумлаи биноҳои сангдевори қадимаи ҳудуди Тоҷикистон Ямчуни Бадахшонро (асрҳои III то мелод – V мелод) ном бурдан мумкин аст, ки деворҳои сангину манораҳои баланди боҳашамат дорад.

Дар давраҳои аввали асри миёна мавзеъҳои асосии бинокорӣ қасрҳои заминдорон ва деворгирии атрофии маҳалҳои аҳолинишин ба шумор мерафт, ки минбаъд заминаи бунёди шаҳрҳо гардидаанд. Ҳанӯз дар асри V cуғдиён аз Марви бостон то Туркистони Шарқӣ дар сар то сари роҳи тиҷорат маҳалҳои аҳолинишин сохта буданд. Он маҳалҳои атрофашон деворгирифта минбаъд ба марказҳои бузурги идорию фарҳангии Осиёи Миёна табдил ёфта, дар онҳо ибодатгоҳҳо, манзилгоҳҳо ва қасрҳо бунёд мегардиданд.

Бо вуҷуди ҳуҷуми арабҳо ва пайваста ба он тарҳи исломӣ пайдо кардани ҳунари меъморӣ дар асрҳои VII-VIII дар бинокорӣ дигаргунии ҷиддӣ ба амал наомад, барақс, мисли мақбараи Сомониён, ки дар маркази нахустин пойтахти давлати тоҷикон – шаҳри Бухоро воқеъ аст, дар бобати тарҳу сохтор ва усули ороиши биноҳо ба такмил ёфтани ҳунари меъмории ислом сахт таъсир намуд. Дар асрҳои IX-X хишти пухта масолеҳи асосии сохтмони биноҳои боҳашамат гардида, ба меъморони ҳунарманд имкон фароҳам овард, ки ба бунёди сохтор ва намуди зоҳирии биноҳо тарҳи тоза бахшанд. Намунаи барҷастаи чунин усули меъморӣ як миқдор ёдгориҳои асрҳои IX-X дар ҷануби Тоҷикистон (оромгоҳҳои Хоҷа Дурбад ва Хоҷа Ҳаллоҷӣ дар Шаҳритус ва ё манораи хишти хоми ноҳияи Айнӣ) ба шумор мераванд, ки бо усули анъанвӣ аз хишти хом ва ё бо усули тадриҷан маъмулгардида аз хишти пухта сохта шудаанд (маҷмааи боҳашамати қасри бузургшаҳри Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳ- Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус, маҷмааи ду оромгоҳи Хоҷа Нақшрон дар ноҳияи Турсунзода ва дигарҳо).

Аз ҷумлаи шаҳрҳои дар асри Х дар сарзамини Тоҷикистон бунёдгардида пойтахти Хуттал (Хатлон) бузургшаҳри Ҳулбукро номбар кардан мумкин аст. Мавзеи ҷолиби таваҷҷуҳи Ҳулбук қасри ҳокими Хуттал аст, ки маркази он саҳни зебое ба шакли мураббаъ дорад. Бозёфтҳои ашёи ороиши кандакорӣ (порчаҳои гаҷкорӣ, ки ҳар гуна нақшҳои барҷастаи ҳайвоноти афсонавии одамшакл, нақшу нигорҳои ҳандасагӣ, наботот ва ғайра доранд) аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳунармандони асрҳои миёнаи Хуттал соҳиби маҳорати баланди бадеӣ будаанд.

Дар Кӯҳистони Бадахшон ҳам маҳалҳои аҳолинишину шаҳрҳо мавҷуданд. Аз ёдгориҳои меъмории минтақаи Бадахшон қалъаю дидбонҳо ё тупхонаҳои собиқ ҳукуматдорони Рушон, Шуғнон ва Вахони Помирро номбар кардан мумкин аст.

Меъмории мардуми тоҷик дар асрҳои XI-XII анъанаи бинокории ёдгориҳои қадимаро нигоҳ доштааст. Шоҳсутунҳои кандакории Курут ва Оббурдон, меҳроби Искодари саргаҳи Зарафшон, оромгоҳи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара хусусиятҳои муҳимтарини санъати анъанавии маҳаллии наққоширо, ки то истилои арабҳо вуҷуд доштанд, таҷассум менамоянд. Чунончи, пайкараҳои девори оромгоҳи Ҳазрати Пошо Мирҳамза дар деҳаи Чоркӯҳ паррандаҳои афсонавиро ба ёд меоваранд, аммо қисмати ба шифту сақфи бино васлшудаи шоҳсутунҳо чунин ба назар мерасанд, ки гӯё меъморони тоҷик аз усули ороишдиҳии шоҳсутунҳои юнониҳои қадим илҳом гирифта бошанд.

Марҳалаи нави ҳунари меъмории мардуми тоҷик ба асрҳои XIV-XV, ба замоне алоқамандӣ дорад, ки дар марказҳои тамаддуни тоҷикон биноҳои баланди бошукӯҳ бо нақшу нигори назаррабо қомат афрохтаанд. Ба хусус шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Шаҳрисабз, Истаравшан, Хуҷанд рӯ ба ободонӣ ниҳоданд. Дар ин шаҳрҳо чунин биноҳои боҳашамат бунёд гардиданд, ки деворҳои даруну беруни онҳо бо хиштҳои рангин оро дода шудаанд. Нақшҳои гунгунранги даромадгоҳи оромгоҳ - Масҷиди Муҳаммад Башоро дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент (асрҳои XI-XII, соли 1342/43) назари ҳар бинанадаро ба сӯйи худ мекашанд. Шукӯҳу шаҳомати зоҳирии шоҳкории бинои оромгоҳи Шайх Муслиҳиддин низ дар Хуҷанд (асрҳои XI-XII, XIV-XV, XVI-XVII) басо арзишманд буда, он дар сохтори меъморӣ, зебу зинати зоҳирӣ ва бузургию хусусиятҳои худ анъанаи бинокории суннатиро ба хубӣ нигоҳ доштааст.

Шоҳкории меъмории Тоҷикистон дар асрҳои XVI-XVII бо вуҷуди нигоҳ доштани он ҳама азамату хусусиятҳои сохторӣ тадриҷан бисёр арзишҳои бадеии худро аз даст медиҳад. Чунинанд, аз ҷумла, масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар наздикии Душанбе (асри XV), оромгоҳи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб (асрҳои XV-XVI), Абдураҳмон Ҳотами Асам дар Файзобод, Имом Зайнулобиддин дар ноҳияи Ҷилликӯл (асрҳои XI-XII), Масҷид ва мадрасаи Кӯкгунбаз дар Истаравшан (асри XVI) ва дигарҳо.

Дар нимаи аввали асри XVIII биноҳо арзишҳои бадеии худро гум карда, хурд ва назарногир мешаванд. Бо вуҷуди ин дар баъзе маҳалҳо қалъаҳои нав, чунончи, дар Кӯҳистони Бадахшон қалъаи Бомар (асрҳои XVIII-XIX), дар водии Бешкент Қалъаи Бешкент (асрҳои XVIII-XIX) бунёд мегарданд. Аз лиҳози шаҳомати зоҳирӣ тимсоли Қалъаи Бешкентро дар тамоми Осиёи Миёна пайдо кардан мушкил аст. Аз осори меъмории Помир дар асрҳои XVIII-XIX чанд қалъаи начандон калони мирону мансабдорони калон боқӣ мондааст. Чунин хона - қалъаҳо (Қалъаи Панҷ, Роштқалъа дар Шуғнон, Бар-Панҷа дар Вахон, Қалъаи Вомар дар Рушон ва дигарҳо) одатан дар теппагиҳо аз хишти хом, баъзан аз сангҳои суфта сохта мешуданд. Дар дохили онҳо муҳофизатгоҳҳо, аскархонаҳо, иқоматгоҳи мир, саисхона, манзилҳои хоҷагӣ воқеъ буданд. Дар гӯшаҳои девори қалъа манораҳо қомат афрохтаанд. Аз даруни қалъа то соҳили дарё роҳи пинҳонии зеризаминӣ канда шудааст.

Дар шаҳри асримиёнагии ҷанубу ғарбии Душанбе – Ҳисори Шодмон майдони шаҳрии Регистон, дар атрофии он Мадрасаи куҳна ва Мадрасаи нав, Корвонсаройи хиштин, дарвозаи арки қалъаи бек (асрҳои XVII-XIX) сохта шудаанд.

Шаҳри бой ва сераҳолии Хуҷанд дар асрҳои XVII-XIX яке аз шаҳрҳои калонтарини Осиёи Миёна мегардад. Гирдогирди шаҳр деворҳои баланди мустаҳкам гирифта шудаанд. Соли 1999 ба муносибати таҷлили ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён дар Хуҷанд як қисми девори шарқӣ ва дарвозаи қалъаи Хуҷанд тармим намуда, дар дохили он осорхонаи меъморӣ бунёд гардидааст. Шаҳрҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Истаравшан, Конибодом, Кӯлоб ва дигарҳо низ ободтар шуда, рӯ ба нашъу намо ниҳодаанд.

Бо вуҷуди ҳама гуна мушкилоти инкишофи эҷоди ҳунари меъморӣ дар таърихи бисёрасраи бинокории тоҷик дар муқобили меъмории расмӣ ҳамеша меъмории мардумӣ меистод ва он беҳтарин анъанаҳои гузаштаро ба тарзи табиӣ нигоҳ медошт. Маҳз офаридаҳои ҳунармандони мардумӣ, ки онро метавон фолклори меъморӣ шуморид, дар ҳама давру замон манбаи ғизодиҳандаи рушди ҳунари меъморӣ ба шумор мерафт. Масҷидҳо ва биноҳои иқоматии анъанавӣ дар деҳоти Роҳатӣ, Ҳисор, Лангар, дар шаҳрҳои Кӯлоб, Истаравшан, Исфара, Хуҷанд ва дигарҳо тимсоли барҷастаи шоҳкориҳои меъмории мардумианд, ки дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ сохта шудаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон 840 бозёфти ҳафриёт, қариб 200 ёдгории меъморӣ ва заиёда аз 120 номгӯй ёдгориҳои таърихию инқилобӣ мавҷуданд. Дар байни онҳо даҳҳо ёдгориҳои беназири оламшумуле ҳастанд, ки онҳо на танҳо ганҷинаи бебаҳои санъатанд, балки таҷассумгари фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик ба шумор мераванд. Ба ҳамин тариқа, мо ба василаи таҳқиқоти судманди бостоншиносон, меъморон, санъатшиносон ва дигар олимон бо ёдгориҳои фарҳангию меъмории мардуми тоҷик шиносоӣ пайдо намудем. Бо мақсади он ки ин ҳама ёдгориҳои қадимаи Тоҷикистон дар замири ҳар фарди ҷомеа эҳсоси ифтихор ва инсондӯстиро бедор намоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш ба онҳо эътибор дода, барои муҳофизат ва истифодаи онҳо дар тарбияи меҳанпарастии мардум, ба хусус ҷавонон, шароити хуб фароҳам оварда мешавад.

Боз нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Муқимов Р., С. Мамаджанова. Энсиклопедия памятников. - Душанбе, 1981.
  • Салия Мамаджанова, Рустам Муқимов. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). — Душанбе, 2008.