Мақбараи Мир Сайид Ҷалолуддини Гулдаста
Мақбараи Мир Сайид Ҷалолуддини Гулдаста — ёдгории таърихӣ, марқади мутафаккири нимаи дуюми садаи XI — ибтидои садаи XII дар маҳаллаи Чорсӯи шаҳраки Муъминобод.
Ёдмон | |
Қаблан гирди мақбараро се бор девори сангӣ карда, болояшро пӯшонда буданд, вале бо гузашти айём девор фурӯ рехта, паст шуд. Сохтмони бинои нави мақбара солҳои 90-уми садаи XX бо ташаббуси Ҷ. Зоиров аз ҷониби устоҳо Мирзо Зоир, Нур Зоир, Саидмаҳмуд Сафаров ва дигарон бо сарварии Сайид Пиров анҷом пазируфт. Мақбара аз 2 ҳуҷраи андозаи яке 8×6,20 м ва дигарӣ 2×4 м иборат буда, байни боми онро гунбаз оро медиҳад. Девори мақбара аз ду намуд хишт: сурхчаи таҳҷоӣ (бахши дарун) вас ахти сафед (бахши берунӣ) сохта шудааст. Дари даромади мақбара аз сӯи ғарб аст. Мақбара бо сабки шарқӣ тарҳрезӣ шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ассозода Р., Зоир Ҷ., Мир Сайид Ҷалолуддини Гулдаста. — Душанбе, 1999.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.