Мақбараи Саъдӣ Мақбараи Саъдии Шерзӣ машҳур ба سعدیه (Sadia) [1] — ёдгории меъмори болои турбати Саъди Шерозӣ. Оромгоҳ дар шимолу шарқи шаҳри Шероз, ки замини хонаи шоир буд, аз қадим боғе ва чашмае дорад. Он бидуни санги турбат бо мурури замон хароб гардида, танҳо дар аҳди Каримхони Занд (1707/5 — 1779) — пешвои сулолаи зандиёни Эрон таҷдид шуд. Вале он низ пас аз чанде рӯ ба харобй овард ва солҳои охир Анҷумани осори миллӣ оромгоҳи зебое бино кард. Оромгоҳ болои асоси зинагии на он қадар баланде аз мармар ҷой гиифтааст, ки гунбазӣ буда, ба пешайвони баланде шабоҳат дорад. Дар тарафи рости мақбара даҳлези токдори сояафкан ва истироҳатӣ бино кардаанд, ки ниҳоят муҷаллалу хушҳавост. Намои кошикории оромгоҳ бо намоишҳои гул, бутта ва акси паррандаҳои зебои сабки зандия музайян аст. Ба дари даромадгоҳи оромгоҳ байти зер ба хати зебои настаълиқ сабт шудааст:

Мақбараи Саъдӣ سعدیه (Sadia). Шероз
Мақбараи Саъдӣ سعدیه (Sadia). Шероз


Зи хоки Саъдии Шероз бӯи ишқ ояд,
Ҳазор сол пас аз марги ӯ гӯраш буй.

Нигористон

вироиш


Нигаред

вироиш