Мақбараи Хоҷа Махдуми Аъзам
Мақбараи Хоҷа Махдуми Аъзам - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Мақбара дар қисми ҷанубии қалъаи Ҳисор маҷмааи бисёргунбаде бо номи «Махдуми Аъзам» арзи вуҷуд дорад. Мақбара дорои се бинои гунбаддор мебошад, ки онҳо дар се давра сохта шудаанд. Масҷид ё ин ки зиёратхонаро ба садаи X, гӯрхонаи аввал ба садаи XIII ва гӯрхонаи дуюмро ба садаи XVI марбут медонанд. Мазорҳои дар ин ҷо буда шояд дафнгоҳҳои шахсиятҳои воломақоми он замон Хоҷа Исҳоқ, Хоҷа Муҳаммади Хивагӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳисорӣ ва фарзандони Хоҷа Исҳоқ бошанд.[1]
Адабиёт
вироиш- Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.
Пайнавиштҳо
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |