Мақбараи Хоҷа Нақшрон
МАҚБАРАИ ХОҶА НАҚШРОН - ёдгории меъмории асрҳои XI – XII аст ва дар ноҳияи Турсунзода ҷойгир шудааст. Мақбара яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик мебошад. Мақбараи Хоҷаи Нақшрон ба феҳристи номзадҳо ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.
Санагузорӣ
вироишМақбараи №1, яке аз мақбараҳои маҷмаъаи мақбараи Хоҷа Нақшрон (он иборат аз ду мақбара) ба асрҳои XI – XII таалуқ дорад.
Ҳафриёт
вироишМаҷмаъа аз ду мақбара – шимолу шарқӣ (№1) ва ҷанубу ғарбӣ (№2) иборат аст. Мақбараи Хоҷаи Нақшрон аз рӯи тарҳ, сохт ва нақшунигори кошиҳояш бо ёдгориҳои меъмории ҳамон давраи Хуросони Шимолӣ (ҳоло Туркманистони Ҷанубӣ) қаробат дорад. Мақбараи №1 хеле куҳна шудааст, баландии боқимондаи деворҳояш 2,80 мебошад. Мақбара аз хонаи мураббаъ ( масоҳаташ 6,60 + 6,80 м) ва пештоқ иборат аст. Қисми болоии девори онро бо усули «дандона» оро додаанд. Мақбараи №2 нисбатан пурра боқӣ монда, даромадгоҳ ва гунбаз камее хароб буда, шарафаҳо дертар аз нав сохта шудаанд. Масоҳати берунаи ин мақбара 11Х16,25 м аст ва аз гӯрхонаи мураббаъ ва пештоқи комил иборат аст. Баландии деворҳояш ба 5,15 м мерасад. Дар нақшҳои девор хиштҳои сайқалёфта истифода шудаанд. Даромадгоҳи росткунҷа 3,65 м баландӣ дорад. Дар болои даромадгоҳ намояи зебое (0,50Х2,00 м) ҳаст, ки он бо ситораю салибҳои сафолии гулбаргдор оро ёфтааст. Масоҳати гӯрхона 8,10Х8,30 м аст. Дар баландии 3,70 м нижвон ва болотар аз он шарафаҳо ҷой гирифтаанд. Дар болои кунҷҳо шарафаҳои тоқпӯш ва дар байни онҳо тоқҳои тазӣинӣ сохтаанд. Асрҳои XVI – XVII мақбара таъмир гардида, ҳамон вақт байни шарафаҳо ва тоқҳои тазӣинӣ нақшҳои барҷастаи шабакамонанд пайдо шудаанд. Дар гӯрхонаи мақбараи №2 ду сағона мавҷуд аст, ки ҳар ду аз хиштҳои пухта сохта шудаанд. Рӯи санги сағонаи ҷанубу ғарбӣ сураҳои Қуръон канда шудаанд. Мақбара тахти муҳофизати давлат аст.[1][2]