Мақомдон 1. Навозанда, сароянда, оҳангсоз-таронасаро, ки мақомҳоро хуб донад, анъанаҳои иҷроӣ, сабк, равияҳои гуногуни эҷодии мактаб, ҳавзаҳои иҷроиро эҳсос менамояд ва иҷро мекунад.

2. Шахси огоҳ, таҳқиқгар, донандаи назария ва амалияи мақомҳо ва дар ин замина таълифоти таҳлилӣ нигоштааст:

Чӣ раҳ мезанад ин мутриби мақомшинос,
Ки дар миёни ғазал, қавли ошно овард.

(Ҳофиз)

Адабиёт

вироиш

Нигаред низ

вироиш
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 135 ISBN 978-99947-49-13-3